ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз976
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта3174
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта976
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта22184
mod_vvisit_counterҲамин моҳ87422
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта62662
mod_vvisit_counterҲамагӣ1522456

Бахшида ба рўзи шаҳри Ҳисор

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 2
  • Минбаъда

Дар толори Осорхонаи марказии шаҳри Ҳисор бахшида ба Рўзи шаҳри Ҳисор мизи мудаввар доир гардид. Дар он собиқадорони соҳаи маориф, фарҳанг, аҳли адаб, фаъолони шаҳр, кормандони васоити ахбори омма иштирок доштанд.

Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор Гулрухсор Турсунова ба ҳамоиш ҳусни оғоз бахшида мақоми шаҳр гирифтани Ҳисори бостонро таваҷҷуҳу ғамхории Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат ба диёри мо арзёбӣ намуд. Маҳз бо ташаббуси Сарвари давлат 3000-солагии Ҳисори Шодмон дар сатҳи баланд, хотирмон таҷлил гардид. Бо ин мақсад барои ободии диёри мо аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ маблағҳои калон ҷудо карда шуд.

Сипас, кормандони Осорхонаи марказии шаҳр Зулфияи Бахтиёр, Пирзода Зиёдулло, адиби шинохта Султонмуроди Одина, собиқадорони меҳнат Абдуманнон Абдураззоқов, Муҳаммадтоҷӣ Тоҷибоев, директори коллеҷи омўзгории шаҳри Ҳисор Гулхумор Дадобоева, сармуҳаррири рўзномаи шаҳрии “Ҳисори Шодмон” Қурбонмурод Асоев оид ба таърих ва тамаддуни шаҳри Ҳисор, давра ба давра тараққӣ ёфтани он, таҷлили ҷашни сеҳазораи шаҳр, махсусан тозакориҳое, ки таи чанд соли охир сурат гирифтанд, изҳори назар карданд. Аз ҷумла, иброз гардид, ки ба шарафи 3000-солагии Ҳисори бостон корҳои азими ободонӣ анҷом дода шуданд. Даҳҳо иншооти хурду бузург, биноҳои боҳашамати Кохи фарҳанг, Осорхона, Китобхона, варзишгоҳи сатҳи байналмилалӣ, чойхонаи миллии “Харбуза” сохта инфрасохтори шаҳр аз нав бунёд карда шуд. Ҳисор намои ҳақиқии шаҳрро гирифта дар қисмати ҷанубу ғарбӣ ва марказ биноҳои зиёди баландошёна қомат афрохтанд. Шумули зиёди хиёбону гулгаштҳо симои шаҳрро ба куллӣ дигар намуданд. Иқдоми созандаю ободкорона баъди таҷлили ҷашни сеҳазора низ вусъати тоза касб кард. Амфитеатр, роҳу гулгаштҳои нав, таъсиси муассисаҳои ободонӣ дар маркази шаҳр ва маҳалҳо, биною иншоотҳои маданию маишӣ, чӣ дар марказ ва чӣ дар деҳот, пешрафти босуръати соҳаҳо, афзоиши истеҳсоли маҳсулот гувоҳи гуфтаҳои болоянд.

Ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  сохтмони 767 иншоот, аз қабили мактабу синфхонаҳои нав, варзишгоҳ, чойхона, сартарошхона, ҳаммом, корхонаҳои истеҳсолӣ ба нақша гирифта шудааст. Айни замон аз ин миқдор зиёда аз 230 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.

Дар Рўзи шаҳри Ҳисор дар маркази шаҳр ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот роҳпаймоӣ, аксия, чорабиниҳои васеи фарҳангӣ, мусобиқаҳои варзишӣ барпо гардиданд.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru