Пешгирии ҳолатҳои фавқулода

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 6
  • Минбаъда

Дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор санаи 4 июли соли ҷорӣ бо зернизомҳои ҳудудӣ ва зинавии Низоми ягонаи шаҳр оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода дар мавзӯӣ «Амали ҳайати роҳбарикунандаи мудофиаи граждании шаҳри Ҳисор ҳангоми иҷрои корҳои бартарафкунии оқибатҳои омадани сел» машқҳои амалӣ баргузор гардид.

Дар оғоз сардори Ситоди ҳолатҳои фавқулода дар шаҳри Ҳисор - раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумазода чорабиниро оғоз бахшида, аз ҷумла зикри он дошт: «Амалиёте, ки аз ҷониби иштирокчиёни машқ гузаронида мешавад, як ҳодисаи огоҳкунанда буда, бори дигар нишон хоҳад дод, ки бехтарии умри инсон ба савияи дониш ва маърифати рӯзгордории аҳли оила пайванди қавӣ дорад. Ҳарчанд ин амалиёт бо мақсади огоҳӣ ва пешгирии ҳолатҳои фавқулода баргузор мегардад, моро вазифадор менамояд дар таъмини ҳаёти осоишта ва бехатарии рӯзгори мардум аз ҳодисаи сӯхтор бештар ва обхезиву омадани сел масъулиятшинос бошем…

Раиси шаҳр дар идомаи сухан ба Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон ва аҳли кормандон барои эътиқод ва баргузории чунин машқҳои воқеан сабақомӯз изҳори эҳтиром намуда, ҳамкории минбаъдаи мақомоти маҳалиро бо мақсади таъмини зиндагии осоиштаи аҳли ҷомеа ва тарғиби дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати шукуфоию беҳтошти вазъи зиндагии мардум баён дошт.

Сардори машқи мукаммал подполковник Сафарбек Аваз натиҷаи баргузории машқро хуб арзёбӣ кард ва дар интиҳо фаъолон бо Сипоснома қадршиносӣ шуданд.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru