Ҳадафи муҳим – таъмини амнияти озуқаворӣ

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 5
  • Минбаъда

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо иштирки раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумазода фаъолияти кишоварзон дар шаш моҳи соли ҷорӣ мавриди ҷамъбаст ва таҳлил қарор гирифт.

Пас аз шунидани ҳисоботи раисони хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот раиси шаҳр суханронӣ намуда, аз ҷумла зикри он дошт:

Аҳли кишоварзони шаҳр хуб огоҳӣ дорад, ки амнияти озуқаворӣ – ин таъмини мардуми кишвар бо маҳсулоти озуқаворӣ ва ҳаёти солиму фаъоли аъзои ҷомеа мебошад. Яъне, зери ин мафҳум мо мавҷудияти кофии маводи ғизоӣ, дастрасии он ба хонаводаҳо, имконияти харидории истеъмолгарон, сатҳи зарурии истеъмолии онро дарк менамоем.

Ҳарчанд дар шаш моҳи соли ҷорӣ кишоварзони шаҳр ба миқдори 80 миллиону 991 ҳозор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда бошанд ҳам бояд ошкоро зикр намоем, ки ҳанӯз ҳам барои рушди соҳа имкониятҳо хеле зиёданд...

Барои беҳбудии кор дар ин самт муовини раис оид ба соҳаи кишоварзӣ, Раёсати кишоварзии шаҳр ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот вазифадоранд ба ташкилу азнавсозии шаклҳои хоҷагидорӣ, фаъолияти самараноки он, ҷалби сармоягузории соҳаҳои кишоварзӣ, ҷорӣ намудани таҷҳизоту-техника ва технологияҳои муосири инноватсонӣ, истеҳсоли маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза ва рақобатпазир ва дигар хизматрасониҳои моддӣ эътибори бештар зоҳир намоянд.

Масъалаи дигаре, ки мехоҳам диққати шуморо ба он ҷалб  намоям ин ҳосилнокии маҳсулот аст, зеро мақсад аз ислоҳоти шаклҳои хоҷагидорӣ ин самаранок истифодабарии замин ва ба даст овардани ҳосили фаровони зироатҳои кишоварзӣ мебошад.

Масалан соли гузашта ҳосилнокии зироати пахта ба 26 сентнер ва   ғалладонагиҳо 32 сентнер баробар аст, ки ин қонеъкунанда нест.

Ҳол он ки дар соҳаи кишоварзӣ асосан хоҷагидорон кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки аз заминҳои киштзор бо хароҷотҳои кам ҳосили баланд ба даст оранд.

Аксарияти хоҷагидорон ба истеҳсоли ду се намуди маҳсулот машғуланд ва дар аксар ҳолат талаботи бозори итеъмоли ба пуррагӣ ба инобат гирифта намешавад ва ин низ ба рушди соҳа таъсир мерасонад.

Дар натиҷа баъзе маҳсулотҳо аз талабот зиёд истеҳсол карда мешаванд ва арзиши маҳсулоти бафурӯшмонда паст гардида ҳатто хароҷотро намепўшанд ва деҳқон аз истеҳсоли маҳсулот дар оянда даст мекашад. Маслан соли гузашта хоҷагидорон пиёзи худро бо арзиши аз 2-3 сомонӣ фурӯхта буданд, сабаб кишти пиёз кам буд ва имсол чӣ? Арзиши 1 кг пиёз ба 40 дирам баробар шудааст. Барои ба ин ҳолат дучор нашудан бояд хоҷагидорон фаъолияти худро дар асоси дурнамои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохтори Раёсати кишоварзӣ ба роҳ монанд.

Раиси шаҳр дар баробари таҳлили вазъи соҳа Раёсати кишоварзӣ ва раисони хоҷагиҳоро вазифадор намуд, ки аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода бурда нисбати захираи хӯроки чорво, ҷамъоварии меваю зироатҳои полезӣ ва парвариши пахта, ки имсол дар масоҳати 2714 га кишт шудааст бештар масъулиятшинос бошанд ва бо шарофати заҳмати пайваста нақшаҳои меҳнатиро иҷро ва дар рушди иқтисодӣ ва таъмини сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ саҳмгузор бошанд.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru