ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз2747
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта1769
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта12208
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта13488
mod_vvisit_counterҲамин моҳ35594
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта56757
mod_vvisit_counterҲамагӣ1131001

Варзиш кафили саломатӣ

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 4
  • Минбаъда

Дар роҳи татбиқи сиёсати оқилонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди варзиш ва бунёди варзишгоҳу толорҳои варзишӣ дар ҳудуди шаҳри Ҳисор якчанд иншооти соҳавӣ бунёд гардида, дар қисме аз он корҳои сохтмонӣ идома дорад. Дар арафаи Рӯзи истиқлолияти давлатӣ се майдончаи варзишии дорои таҷҳизоти замонавӣ бо иштироки муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим дар ҳамроҳи бо раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода ва фаъолони шаҳр мавриди истифода қарор гирифт.

Дар Ҷамоати шаҳраки Ҳисор ду майдончаи варзиши барои бозии футбол аз ҷониби соҳибкор Носир Юсупов ба арзиши 450 000 сомони сохта ба истифода дода шуд, ки дар як вақт 24 нафар варзишгарон метавонанд машғули варзиш бошанд.

Дар Ҷамоати деҳоти Сомон аз ҷониби соҳибкор Амриддин Холмирзоев майдончаи варзишии футбол, волейбол, ҳавзи шиноварӣ, тениси рӯи миз, мизхи саққобозӣ ва майдочаи бозии кӯдакон бунёд гардид ва бо ҳузури муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим ва раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода мавриди истифода қарор гирифт.

Чуни майдончаи варзиши дар Ҷамоати деҳоти Хонақоҳи Кӯҳӣ низ ба фаъолият оғоз кард, ки он аз ҷониби соҳибкор Фатҳулло Ҷалилов ба маблағи 255000 сомонӣ сохта шудааст.

Варзиш аз шуғли дӯстдоштаи ҳисориён маҳсуб ёфта, имрӯз 22 мурраби аз рӯи 14 намуди варзиш ба варзишгарон сабақу тамрин меомӯзонанд.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru