Рӯзи кишоварзон муборак

http://www.zoofirma.ru/

Дар китоби муқаддаси «Авесто», ки се ҳазор сол муқаддам интишор шудааст, пешаи деҳқонӣ ва муқаддас доштани оини кишту кор ситоиш шуда, зикр гардидааст, ки: «Замин мояи ҳаёт ва бақои зиндагист, касе, ки дар замин ғалла мекорад, гӯё тухми ҳаёт ва некӣ мепошад».

Кишоварзони шаҳри Ҳисор, ки пешаи деҳқонӣ аз гузаштагони меҳнатзодаву асили худ мерос мондааст дар замони соҳибистиқлолии кишвар низ тавонистанд бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда, рушди соҳаро таъмин ва ба натиҷаҳои назаррас ноил гарданд.

Раёсати кишоварзӣ ва хоҷагиҳои кишоварзии шаҳр дар нуҳ моҳи соли 2018 фаъолияти кории худро дар асоси Низомнома, нақшаи корӣ, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, ҷиҳати татбиқи сиёсати аграрӣ тадбирҳои судманд андешида, истеҳсоли маҳсулоти чорводорӣ ва растанипарвариро нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта зиёд намоянд.

Бояд тазаккур дод, ки соҳаи кишоварзӣ яке аз соҳаҳои муҳими хоҷагии халқи шаҳр ба ҳисоб рафта, бо хусусиятҳои хоси худ дар пешрафти ҷомеа, махсусан дар таъмини аҳолии шаҳр ва шаҳри Душанбе бо маводи озуқа, саноати коркард бо ашёи хом ва бахши ташаккулдиҳандаи иқтидори содиротии шаҳр ба ҳисоб рафта, муҳимтар аз ҳама, барои заминаи ташкили ҷойҳои нави корӣ нақши муҳим мебозад.

Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода дар чорабинии тантанавӣ бахшида ба ҷамъбасти 20 - рӯзи ҷамъоварии пахта кишоварзони шаҳрро бо иди касбиашон муборак гуфта, чанд нафар аз раисони хоҷагиҳои пешсаф, зироаткорону чорводорон, пахтакорону боғдорони шаҳрро бо Сипоснома ва тӯҳфаҳо қадршиносӣ намуд.

Иди касбӣ муборак, кишоварзони азиз.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru