Табрикоти раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода бахшида Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

http://www.zoofirma.ru/

Конститутсия заминаи ҳуқуқии бунёди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон буда, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, осори таърихӣ ва фарҳангӣ маҳсуб ёфта, дар он соҳибихтиёрӣ, истиқлолият, дахлнопазирии ҳудуди кишвар, моҳият ва вазифаҳои давлат, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, забони давлатӣ, рамзҳои давлатӣ ва шакли давлатдории Тоҷикистон эълон шудааст.

Ба туфайли амали Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва  сиёсати оқилона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъмини рушди бомароми иқтисодӣ, беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум ва болоравии вазъи иҷтимоӣ дар кишвар аз он шаҳодат медиҳад, ки дар кишвари мо, аз ҷумла дар шаҳри куҳантаъриху тозаҷавони Ҳисор низ дар баробари эътирофи ҳуқуқи инсон, ҷиҳати ҳифзи сиҳатии омма, таъмини ниёзҳои иҷтимоии ҷомеа, ҳаёти осоиштаву ором ва саршор аз нозу неъматҳои табиӣ корҳои назаррас ба анҷом расидааст, ки эътиқоди мардумро ба фардои босаодат ва эҳтирому қадри якдигар дучанд менамояд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид намудаанд: «Баъди соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон қабули Конститутсия яке аз дастовардҳои азими халқи мо мебошад. Он меҳварест, ки тамоми нерӯҳои созандаи кишварро дар рӯҳияи эҳтиром ба қонун муттаҳид месозад».

Сокинони шаҳри Ҳисор низ азми он доранд, ки бо шукргузорӣ аз пойдории адолати қонунӣ, сулҳу оромӣ, ваҳдату якдилӣ соли 2018-ро бо дастовардҳои назарраси меҳнатӣ ҷамъбаст намуда, дар таъмини рушди босуботи кишвар саҳмгузор бошанд.

Сокинони шаҳрро бо фарорасии Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, бароятон устувории ваҳдати миллӣ, осмони софу беғубор, зиндагии фаровон аз неъмат ва  оромии ҷомеаро таманно дорам.

Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак, ҳамшаҳриёни азиз!

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru