ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1850
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта4838
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта6688
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта26340
mod_vvisit_counterҲамин моҳ69060
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта123957
mod_vvisit_counterҲамагӣ2173237

Ҳимояи Ватан-қарзи шаҳрвандӣ

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 6
  • Минбаъда

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии мамлакат таъкид намуданд, ҳар як фарди худогоҳи мамлакатро зарур аст, ки дар руҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ ва арҷгузорӣ ба истиқлолияти давлатӣ тарбия кардани наврасону ҷавонон, яъне наслеро, ки ояндаи давлату миллат, таъмини амнияту субот ва ободиву пешрафти Ватан дар дасти онҳост, вазифаи худ шуморад.

Дар масири татбиқи ин ҳидояти хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, дар шаҳри Ҳисор корҳои назаррас пайваста амалӣ мегардад ва боиси хушнудист, ки   иҷрои саривақтии нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарофати нангу ғурури дӯстдории Ватан ва зуҳури эҳсоси худогоҳию хештаншиносии ҷавонони шаҳр шаҳодати боризи ин аст. Аксарияти волидони сарбозон тавассути сафар ба манотиқи мухталифи кишвар ва шиносоӣ бо шароити буду бош ва хизмату фароғати фарзандон дар қисмҳои низомии кишвар боварӣ ҳосил намуданд, ки Ҳукумати мамлакат тибқи дастурҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри фароҳам сохтани шароити зарурӣ ба сарбозону афсарон ва хизматчиёни ҳарбӣ ҳамарӯза чораҳои судмандро меандешад.

Дар тантанаи идонае, ки дар гусели 150 нафар ҷавонони ватандӯсту ғаюри Ҳисори Шодмон ба сафи Қуввваҳои мусаллаҳи мамлакат ҷиҳати ба ҷо овардани вазифаи конститутсионӣ ва қарзи фарзандии худ баргузор гардид, раиси шаҳри Ҳисор иштирок намуда, аз номи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба падару модарони сарбозон барои тарбияи чунин фарзандони ватандӯст ва баору шуҷоъ изҳори сипос дошт.

Раиси шаҳр зикри он дошт, ки Шумо, ҷавонмардони меҳанпараст, бояд бо ифтихори баланд  дар хотир дошта бошанд, ки ҳифзи Ватан, дастовардҳои истиқлолият, ҳаёти орому осоиштаи мардум, таъмини амният ва рушди устувори кишвар вазифаи ҳар як шаҳрванд аст. Иҷрои ин вазифаи пуршараф фардеро насиб мегардад, ки дар замири ӯ нисбати падару модар, муқаддасии хоки диёр ва ҳастии ин Ватани биҳиштосо эҳсоси дӯстдорӣ ва шуҷоату ғайрат фурӯзон бошад.

Ба ҳамаи Шумо, сарбозони шуҷои Ватан, аз номи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва кулли ҳозирин ҷиҳати иҷрои намунавори ӯҳдадориҳои оинномавӣ ва иҷро садоқатмандонаи савганди ҳарбӣ барору бурдборӣ таманно менамоям- иброз дошт дар хотимаи суханронии худ, раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумъазода,

Баъдан барои наваскарон барномаи консертии аҳли фарҳанг манзур гардид, ки тарғибгари шеъру суруд ва саҳначаҳои дӯстдории Ватан, ҳимояи Ватан ва ифтихор аз Истиқлолияту ваҳдати миллӣ буд.

Роҳи сафед, ҳомиёни ҷасури Ватан.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru