ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН
БАРОИ МУРОҶИАТ
ҲИСОР ДАР АКСҲО
ТАШРИФКУНАНДАГОН






![]() | Имрӯз | 1045 |
![]() | Рӯзи гузашта | 1774 |
![]() | Ҳамин ҳафта | 8143 |
![]() | Ҳафтаи гузашта | 8664 |
![]() | Ҳамин моҳ | 20841 |
![]() | Моҳи гузашта | 41667 |
![]() | Ҳамагӣ | 671343 |
Хайрхоҳони Дурбат
- Шанбе, 27 Май 2017

Дар арафаи таҷлили ҷашни 20-солагии Р=зи Ваҳдати миллӣ, 10-солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Рӯзи Ҷавонон ва фарорасии моҳи шарифи Рамазон бо ташаббуси соҳибкорону саховатмандони Ҷамоати деҳоти Дурбати шаҳри Ҳисор тӯйи суннатии даҳ нафар кӯдакон баргузор гардид.
Қайд кардан бамаврид аст, ки бо ташаббуси Ҷамоати деҳоти Дурбат чанде қабл 13 нафар кӯдакони дигар низ хатнасур ва бо тӯҳфаҳои хотирмон сарфароз гардида буданд.
Барои болидарӯҳии кӯдакон театри лӯхтаки муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 51 намоишномаи ҷолиберо пешкаши тифлакон намуданд. Барномаи омоданамудаи санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр идомабахши чорабинӣ гардид.