Баргузории Рӯзи қабули шаҳрвандон дар Ҷамоати деҳоти Алмосӣ

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 6
  • Минбаъда

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки баргузории Рӯзи қабули шаҳрвандон дар таҳкими робитаи бештари аҳли ҷомеа бо мақомотҳои маҳаллӣ, ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва таҳияи дурнамои иқтисодию иҷтимоии шаҳр заминаи боэътимод мегузорад-иброз дошт раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода дар мулоқот бо сокинони Ҷамоати деҳоти Алмосӣ.
Аз ин рӯ, мо ҳар як роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ташкилоту муассисаҳо, раисони хоҷагиву маҳаллаҳо ва ҳар як хизматчии давлатиро вазифадор кардаем, ки бояд муносибати худро ба муроҷиати шаҳрвандон куллан тағйир дода, барои такмили роҳу усулҳои судманди қабули шаҳрвандон, ҳалли мушкилоти онҳо чораҳои иловагӣ андешанд- иброз дошт дар суханронии худ раиси шаҳр.
Бояд тазаккур дод, ки дар рӯзҳои қабули шаҳрвандон, ки дар ҷамоати деҳоти Алмосӣ, ки санаи 21 сентябр тариқи Равзанаи ягона баргузор гардид 19 нафар шаҳрвандон муроҷиат карданд, ки бештар ба масъалаи гирифтани қитъаи замин дахл дошт.
Пас аз баргузории Рӯзи қабули шаҳрвандон раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумазода бо сокинони ҷамоат мулоқот доир намуда, вазъи иқтисодию иҷтимоии ҷамоатро мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дод. Дар ҷараёни мулоқот шаҳрвандон ба саволҳои худ посух гирифта, ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фароҳамии шароити муосоид ва зиндагии осоишта изҳори эҳтиром доштанд. Баргузории рӯзҳои қабули шаҳрвандон дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот аз ҷониби раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода идома дорад.

img src=

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru