Рӯзи қабули шаҳрвандон дар Ҷамоати деҳоти Дурбат

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 6
  • Минбаъда

Баргузории Рӯзи қабули раиси шаҳр тариқи Равзанаи ягона дар чанд ҷамоатҳои шаҳраку деҳот идома дорад ва имрӯз аз баргузори он дар Ҷамоати деҳоти Дурбат аён гардид, ки сокинони ҷамоат дар роҳи татбиқи сиёсати ояндабахш ва оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд ва дар баробари ин масъалаҳои ҳалталаб низ дар назди мову шумо хело зиёданд-иброз дар мулоқот бо сокинони ҷамоат раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода.
Имрӯз, ки қабули шаҳрвандон дар Ҷамоати деҳоти Дурбат тарқи Равзанаи ягона баргузор гардид 30 нафар шаҳрвандон муроҷиат карданд, ки қисми бештари муроҷиатҳои ба гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, ҳуҷҷатгузории манзил, таъсиси хоҷагиҳои деҳқонӣ, бунёди синфхонаҳо ва бунгоҳҳо вобаста буда, масъулони соҳаҳо вазифадор шуданд, ки ҳар як муроҷиатро дар муҳлати муқарраргардида таҳлил ва баррасӣ намуда, ба муроҷиаткунанда аз натиҷаи корҳои ба анҷом расида ахбори хаттӣ ирсол намоянд.
Баъдан раиси шаҳр дар мулоқот бо фаъолони ҷамоати вазъи корҳои саҳроӣ, рушди соҳаҳои саноат, иқтисод ва иҷтимоии маҳалро мавриди таҳлил ва омӯзиш қарор дода, масуъилинро вазифадор кард, дар иҷрои нақшаҳои меҳнатӣ, ҷамъоварии ҳосили зироатҳо, аз ҷумла пахта бештар саҳмгузор бошанд ва дар пешрафту шукуфои диёр дучанд меҳнат намоянд.
Баргузории Рузи қабули раиси шаҳр дар ҷамоатҳои деҳот идома дорад.

0

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru