Баргузории Рӯзи қабули шаҳрвандон дар Ҷамоати деҳоти Мирзо Турсунзода

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 5
  • Минбаъда

Аз ҷониби раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода санаи 30 майи соли ҷорӣ дар Ҷамоати деҳоти Мирзо Турсунзода тариқи Равзанаи ягона рӯзи қабули шаҳрвандон баргузор гардид, ки 49 нафар шаҳрвандони ҷамоат дар рӯзи қабул ба раиси шаҳр муроҷиат кардаанд. 16 - муроҷиат барои гирифтани қитъаи замин ва ҳуҷҷатгузории он, 9 - муроҷиат оид ба таъмини оби нӯшокӣ ва полезӣ, 10 -  муроҷиат оид ба масъалаи барқ, 6 -  муроҷиат бунёди мактаб, 2 -  муроҷиат бунёди варзишгоҳ, бунгоҳи тиббӣ ва ғайра буда, дар маҷмӯъ доир ба мавҷудияти 14 масъалаҳои мубрам шаҳрвандон изҳори нигаронц доштанд.

«Баргузории Рӯзи қабули шаҳрвандон дар таҳкими робитаи бештари аҳли ҷомеа бо мақомотҳои маҳаллӣ, ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва таҳияи дурнамои иқтисодию иҷтимоии шаҳр заминаи боэътимод мегузорад.

Аз ин рӯ, мо ҳар як роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ташкилоту муассисаҳо, раисони хоҷагиву маҳаллаҳо ва ҳар як хизматчии давлатиро вазифадор кардаем, ки бояд муносибати худро ба муроҷиати шаҳрвандон куллан тағйир дода, барои такмили роҳу усулҳои судманди қабули шаҳрвандон, ҳалли мушкилоти онҳо чораҳои иловагӣ андешанд ва ягон ариза, шикоят ва пешниҳоди шаҳрвандон бе таваҷҷӯҳ намонад»-иброз дошт дар суханронии худ раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумазода.

Баргузории рӯзи қабули шаҳрвандон дар ҷамоатҳои деҳоти шаҳр дар асоси нақшаи тасдиқгардида идома дорад. hisor.tj

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru