Рӯзи қабули Раиси шаҳри Ҳисор дар шаҳраки Шарора

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 4
  • Минбаъда

Дар асоси дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди ташкили қабули шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарони ҳамаи зинаҳо дар маҳалли зисти аҳолӣ, такмили роҳу усулҳои қабули шаҳрвандон, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии мамлакат сарчашма мегирад, дар Ҷамоати шаҳраки Шарора бо иштироки васеи роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ташкилотҳои шаҳрӣ санаи 27 апрели соли ҷорӣ  Рӯзи қабули раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода тариқи «Равзанаи ягона» баргузор гардид.

Дар рӯзи қабул 72 нафар ба  намояндагӣ аз 3 ҳазору 200 нафар шаҳрвандони ҷамоат ба раиси шаҳр муроҷиат карданд. Аз ин ҷумла, 59 нафар оид ба масъалаи гирифтани қитъаи замин, 4 нафар ҷиҳати фаъолияти шабакаи барқ, 5 нафар бобати таъмини оби нушокӣ  муроҷиат карданд. Ҳамчунин дар муроҷиати шаҳрвандон масъалаҳои бунёди мактаб ва боғи нав, таъмири варзишгоҳҳо, ва дастрасӣ ба аробачаи маъюбӣ ба миён гузошта  шуданд.  Дар асоси варақаҳои назоратӣ муроҷиати шаҳрвандон ба қайд гирифта шуда, дастраси масъулин гардид.

Раиси шаҳр аз масъулони соҳаҳо даъват намуд, то дар ҳалли  муаммоҳои ҷойдошта ҷидду ҷаҳд ба харҷ дода, дар кӯтоҳтарин муҳлат вазъиятро ислоҳ ва аз натиҷаҳои он ба шаҳрвандон ҷавоби қанотманд пешкаш намоянд.

Аҳолии Ҷамоати шаҳраки Шарора аз баргузории Рӯзи қабули шаҳрвандон изҳори сипос намуда, таъкид доштанд, ки ин гуна мулоқотҳои Раиси шаҳр ба ҳалли мушкилот ва ободонию пешрафти ҳаёти иқтисодию иҷтимоии ҳудуди ҷамоат мусоидат хоҳанд кард.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru