ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз211
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта2315
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта4869
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта36306
mod_vvisit_counterҲамин моҳ56744
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта53359
mod_vvisit_counterҲамагӣ427197

Наврўз рамзи муҳаббату зебоӣ

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 4
  • Минбаъда

Дар Ҷамоати деҳоти Мирзо Ризо Наврўзи байналмилалиро бо шукргузорӣ аз ваҳдату сулҳу оромии кишвар пуршукўҳ таҷлил карданд. Дар он меҳмонон аз Кумитаи телевизион ва радио, кумитаи Омори назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, телевизиони «Пойтахт», инчунин бонувони собиқадору муътабари иштирок доштанд. Меҳмонон аз намунаи ҳунарҳои мардумии чевару кадбонуҳо ва устоҳои чирадаст дидан намуда ба ҳунару заҳмати онҳо баҳои баланд доданд. 
Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода иштирокчиёни чорабиниро ба ифтихори ҷашни пуршукўҳ - Наврўзи байналмилалӣ табрику таҳният намуда зикри он намуд, ки Наврўзи фархундапай бо паёмҳои нек ва қадамҳои хуҷуста ба сарзамини мо қадам ранҷа намуд. Ин ҷашни аҷдодиро, ки рамзи муҳаббату зебоӣ, сафову покизагӣ ва сахову некист давоми ҳафта дар тамоми деҳоти шаҳри Ҳисор ҷашн гирифтанд. Эълон гардидани соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ нишонаи олии эҳтиром гузоштани Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳунару фарҳанг ва анъанаҳои миллӣ мебошад. Дар арафаи таҷлили соли нави аҷдодӣ, зиндашавии табиат Наврўзи фархундапай дар миқёси ҷаҳон оғоз гардидани даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», ки аз ҷониби кишвари мо пешниҳод шудааст фоли нек аст - афзуд Раиси шаҳр. Бо шарофати қадами мубораки Наврўз, ки тавассути сиёсати харадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми байналмилалӣ касб намудааст, бо тантанаҳои идонаи худ ба диёри мо файзу нусрат, шодиву фараҳи бузург овардааст. Сокинони шаҳри Ҳисор Наврўзро бо дастовардҳои назаррас пешвоз мегиранд.
Бо иқдоми сокинони Ҷамоати деҳоти Мирзо Ризо ва дастгирии соҳибкорони саховатманд тўйи сунатии 15 нафар кўдакон аз оилаҳои камбизоат баргузор гардид.
Дар анҷом Барномаи омоданамудаи санаткорон, ки саропо аз суруду тарона дар васфи наврўзу баҳор, Ватани биҳиштосо ва фазои осоиштаи кишвар буд пешниҳод гардид.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru