Мақсад – таъмини шафофияти фаъолият

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 5
  • Минбаъда

Рӯзи қабули шаҳрвандони Ҷамоати деҳоти Деҳқонобод, ки дар асоси дастуру супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди ташкили қабули шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарони ҳамаи зинаҳо дар маҳалли зисти аҳолӣ, такмили роҳу усулҳои қабули шаҳрвандон бо иштироки васеи роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ҳифзи ҳуқуқ ва ташкилотҳои шаҳрӣ баргузор гардид, дар ҳалли мушкилоти рӯзгори мардум, таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатӣ ва иртиботи мутақобилан судманди мақомот бо ҷомеа саҳми мунир хоҳад гузошт.

«Ҳар як пешниҳод, дархост ва муроҷиате, ки аз ҷониби шаҳрвандон манзур гардид, агар заррае ҳам дар беҳдошти сатҳи зиндагии аҳолӣ, ободию пешравӣ, тозагии кӯчаву маҳалла мусоидат намояд, аз ҷониби мо пазируфта мешавад ва рафти амалишивии он таҳти назорат қарор мегирад ва имрӯз ҳам 14 нафар шаҳрвандон муроҷиат карданд, ки иҷрои дархости онҳо зери назорат ва иҷро қарор хоҳад гирифт - иброз дошт дар суханронии худ бо фаъолони ҷамоат Раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумазода.

Иштироки сокинони ҷамоат дар рӯзи қабул, самимияту баёни ошкоро нисбати масъалаҳои ҳалталаб ва камбудиҳои мавҷуда, тарзу усули масъалагузориҳо, ки бештар ба муаммоҳои ҷомеа алоқаманд мебошад, шаҳодат аз он аст, ки эътимоди мардум ба мақомоти давлатӣ, боз ҳам қавитар шуда, сиёсати имрӯзаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пуштибонии ҳамаҷонибаро касб намудааст.

Баргузории Рӯзи қабули раиси шаҳр дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот дар соли равон оғоз гардида, баргузории он дар ду ҷамоат ишора бар он дорад, ки муроҷиати шаҳрвандон дар қиёс бо солҳои гузашта коҳиш ёфта, масъулон дар иҷрои вазифа масъулиятшинос гардидаанд.



 

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru