Иҷрои амали савоб

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 2
  • Минбаъда

Бо мақсади иҷрои талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳуриии Тоҷикистон "Дар бораи тартиби нигаҳдорӣ ва истифодабарии қабристонҳо" аз 25 янари соли 2017, №33 дар шаҳри Ҳисор пайваста корҳои назаррас ба анҷом расонида мешавад.

Бояд тазаккур дод, ки дар ҳудуди шаҳри Ҳисор 173 қабристон ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумора 145 қабристони мусулмонӣ ва як қабристони масеҳӣ амал менамояд. Иловатан бар ин 26 қабристони мусулмонӣ ва як қабристони масеҳӣ истифода мешавад.

Масоҳати умумии қабристонҳо 302,99 гектарро ташкил медиҳад, ки аз ин 32,44 гектар замини кишоварзӣ мебошад. Масоҳати умумии зиёратгоҳҳо 13,84 гектар ва масоҳати умумии қабристонҳои аз истифода баромада 31,39 гектарро ташкил медиҳанд.

Вобаста ба иҷрои бандҳои қарори мазкур ҷамоатҳои шаҳраку деҳот вазифадор гардидаанд, ки корҳои ободониро барои ободу зебо нигоҳ доштани қабристонҳо мунтазам ба роҳ монда, ҳашарҳои дастаҷамъонаро ташкил намоянд ва ҳар ҳафта бо иштироки аҳли уламо ва сокинони маҳалаву деҳаҳо мардум ба оромгоҳҳои деҳа омада ба тозаву озода нигоҳ доштан ва кабудизоркунии атрофи он машғул мешаванд.

Дар назар аст, ки минбаъд низ ҳар ҳафта рузҳои шанбе ва якшанбе ҳашарҳои умумӣ гузаронида шуда, аҳолии деҳаҳо эҳтироми оромгоҳи гузаштагонро аз вазифаҳои муҳим маҳсуб медонанд.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru