ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1218
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта2706
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта14464
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта16001
mod_vvisit_counterҲамин моҳ54336
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта66580
mod_vvisit_counterҲамагӣ1019029

Азми дурусту саъйи комил

http://www.zoofirma.ru/

Муҳаммаднозир Ашўровро пиру барнои деҳаи Чанори Ҷамоати деҳоти Ориён ҳурмату эҳтиром мекунанд. Ў бо дасти сахо ва амалҳои ҷавонмардона ва мактаби бузурги зиндагии худ соҳибобрў гардидааст.

Чӣ иқдоме, ки ин соҳибкори накўном пеш мегирад ба зудӣ ҷомаи амал мепўшад, - мегўянд ҳамдиёронаш. Барои ба ҷониби муқобили соҳили дарёи Кофарниҳон гузаштани сокинони деҳаи Чанор лозим меомад даҳҳо километрро тай намоянд ё ҷонашонро ба хатар гузошта ба воситаи қаиқҳои худсохт дарёро убур кунанд. Бо иқдоми ин соҳибкор дар дарёи Кофарниҳон пули одамгузар сохта шуд ва ду ҷониби соҳил ба ҳам пайваст гардида, мушкилоти мардум ҳали худро пайдо кард. Ин марди саховатпешави накукор баҳри истироҳати мўйсафедони деҳа низ хизматҳои босазо кардааст.

Соҳибкор Муҳаммаднозир Ашўров бо мактаб ҳам равобити зич дошта, дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 65 ба сохтмони ду синфхонаи иловагӣ бо як ҳуҷраи корӣ иқдом намуд ва сохтмон бо маром идома дорад. Дар суҳбат ба мо ин соҳибкори ҳимматбаланд изҳор дошт, ки баробари имконият ба дигар корҳои ободонӣ аз қабили тахту ҳамвор намудани роҳу ҷўйҳои деҳа низ камар мебандад.

Ба ин марди наҷиб дар иҷрои корҳои хайру савоб барору пешрафт таманно дорем.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru