ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз909
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта3289
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта14965
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта13109
mod_vvisit_counterҲамин моҳ40212
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта56757
mod_vvisit_counterҲамагӣ1135619

Ободкориҳо дар деҳаи Нилу

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 2
  • Минбаъда

Дар деҳаи баландошёни Нилу, ки онро бинобар сабаби тамоми водӣ намудор буданаш, «Боми Ҳисор» ном кардаанд, ба ифтихори ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пиру барно даст ба дасти ҳам дода пайи ободонию созандагӣ ҷаҳду талош доранд.

Басо рамзист, ки ҳоҷиёни муҳтарами деҳа пешоҳангиро ба даст гирифта, мардумро аз паси худ ба кори хайр роҳнамоӣ мекунанд.

Хабари он ки модари Лоиқ – сокини ҳамин деҳа маблағи ба хотири ҳаҷ ҷамънамудаашро баҳри сангфарш намудани роҳҳои дохилии деҳа ба шўрои маҳалла тақдим кард, ҳамдиёронро шоду масрур намуда, онҳоро ба ободкориҳои нав ба нав раҳнамун сохт. Зиҳӣ модаре, ки дар баробари тарбияи фарзандон барои дунёи ободу ояндаи хуши онҳо, барои дарёфти савоби ҷория дороии солҳо бо ранҷ пасандоз кардаашро нисорашон мекунад. Бо пайравӣ ба ту, Модар, ки пас аз Худо дуюмин офаридгор ҳастӣ, даҳҳо ҷавонмардон дасту остин барзада мо чӣ хизмат кунем? - гўён назди раиси маҳалла меоянд. Оне ки фурсати иштирок дар ҳашарҳоро надорад бо маблағ ва нафаре, ки маблағ надорад белу каланд бардошта ба обод кардани зодгоҳаш камар мебандад. Аллакай даҳҳо метр роҳи байни деҳа васею сементпўш шуда, иҷрои корҳо дар ин самт идома доранд.

Дар ин кори хайр савоб аҳолии  деҳа камари ҳиммат бастаанд.

Тавре иттилло доданд баъди таъмири роҳ сохтани якчанд синфхонаи иловагӣ ва ба тартиб овардани дару девори сокинон, кандани ҷўйҳо ва зина ба зина сангфарш кардани кўчаҳои деҳа ба нақша гирифта шудааст. Сокинони деҳаи Нилуи Ҷамоати деҳоти Хонақоҳи Кўҳӣ азм доранд то ҷашни бошукўҳ - 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кўчаҳои асосии деҳаро сангу сементпўш намоянд.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru