ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН
БАРОИ МУРОҶИАТ
ҲИСОР ДАР АКСҲО
ТАШРИФКУНАНДАГОН







![]() | Имрӯз | 16 |
![]() | Рӯзи гузашта | 2822 |
![]() | Ҳамин ҳафта | 7416 |
![]() | Ҳафтаи гузашта | 14106 |
![]() | Ҳамин моҳ | 7416 |
![]() | Моҳи гузашта | 63082 |
![]() | Ҳамагӣ | 1145621 |
Семинари сайёр бо раисони маҳалла
- Шанбе, 30 Январ 2021

28 январи соли равон бо ташаббуси дастгоҳи Раиси шаҳри Ҳисор дар Ҷамоати деҳоти Сомон бо иштироки раисони маҳаллаҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳр семинари сайёрӣ омўзишӣ баргузор гардид.
Қабл аз оғози семинар раисони маҳалла бо мақсади шиносоӣ бо рафти корҳои созандагию ободонӣ ба ифтихори ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз деҳаҳои Ғайратобод, Шўроби Искандар, Чаманистон, Шўроби Афғон, Мортеппа, Дучинора ва Ҳирманак дидан намуда, бо шароит ва хизматрасониҳо дар иншоотҳои ҳаҷман калоне, ки бо иштироки муовинони Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси шаҳр то ба имрўз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст, шинос гардиданд. Инчунин, ҳайат дар бинои маъмурии ҷамоат ба таъмири он баҳои баланд дода, корбарӣ ва ҳуҷҷатгузории мутахассисони дастгоҳи ҷамоатро омўзанда маънидод карданд.
Баъд аз шиносоӣ бо иншоот дар маҷлисгоҳи деҳаи Хирманаки ҷамоат, ки бо заҳмати аҳли деҳа ва дастгирии соҳибкорон барои 150 ҷои нишаст бунёд шудааст, ҷаласа баргузор гардид. Дар ҷаласа раисони 12 ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони зергурўҳҳои корӣ, раисон ва намояндагони кумитаҳои маҳалла, соҳибкорони ҷамоат иштирок доштанд.
Роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр Каримзода Сироҷиддин, роҳбари зергурўҳӣ корӣ, раиси ҷамоат ва раиси маҳаллаи кумитаи маҳаллаи Гулрез зимни суханронӣ аз фаъолияти соҳибкорони ҷамоат изҳори қаноатмандӣ карда, аз дастгирии аҳолӣ ва соҳибкорон дар корҳои бунёдиву ободонӣ бо хушнудӣ истиқбол карданд.
Қайд гардид, ки ҷамоат аз 16 деҳа иборат буда, аз 132 иншооти ба ифтихори ҷашни бузургу муқаддаси 30-солагии Истиқлолият ба нақша гирифташуда то имрўз 84 иншооти таъиноташон гуногун, аз ҷумла мансуб ба маорифу тандурустӣ ба истифода дода шудааст. Дар 48 иншооти боқимонда корҳо идома дошта, сокинону соҳибкорони ҷамоат ният доранд то баргузории ҷашн миқдори умумии иншоотро то ба 150 адад расонанд.
Дар ҷамъбасти семинар соҳибкорони ҳимматбаланду ватандўст бо Сипоснома қадрдонӣ гардиданд.
Дастгоҳи Раиси шаҳр тасмим гирифтааст баргузории чунин семинарҳои омўзиширо дар дигар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот идома диҳад.