ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз2797
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта1931
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта10259
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта19344
mod_vvisit_counterҲамин моҳ7375
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта63082
mod_vvisit_counterҲамагӣ1145580

Озмуни «Дастархонороӣ»

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 2
  • Минбаъда

Дар тарабхонаи «Шаршара» озмуни шаҳрии «Дастархонороӣ» баргузор гардид.

Тибқи низомномаи озмун баҳодиҳӣ ба ҳунари дастархонории довталабон аз рўи зебо, хушоянд, дилписанд ва моҳиронаю сарфакорона оростани дастархон баҳогузорӣ шуда, риояи анъанаҳои дастархонории миллӣ, мавҷуд будани таомҳои миллӣ ва ба замона мутобиқат кардани он аз талаботҳои дигари озмун маҳсуб меёфт.

Дар дувоздаҳ гўшаи боғ ҳунармандону кадбонуҳо аз маҳаллаву деҳоти шаҳр бо усулҳои милливу хос ба минтақаҳои худ дастархон ороста, кўшиш намуданд талаботҳои низомномаи озмун риоя гардад. Хони оростаи онҳоро намунаи хўрокҳои гуногуни миллӣ аз қабили оши палов, гандумкўчаю ўмоч, шакаробу қурутоб, нону кулча, ширфатир, самбўсаю манту, фатирмаскаву чанголӣ, кўмочу ширкаду, шириниҳои ҳалвою кулчақанд, мураббо аз меваҳои гуногун, хўришҳо аз меваю сабзавот ва нўшобаҳо, ки дар шароити хона тайёр карда шудаанд ва боз даҳҳо номгўи дигар анвои хўрданӣ зеб медоданд. Чеҳраҳои кушодаву суханҳои саршор аз меҳру муҳаббат бо ба бар кардани сару либоси миллӣ ва лабони бо табассум шукуфтаи   дастархонороён ба мизхои ороста ҳусни дигар зам менамуд.

Ҷамъбасти озмун нишон дод, ки намояндагони Ҷамоати шаҳраки Шарора ва ҷамоатҳои деҳоти ба номи Мирзо Турсунзода, Мирзо Ризо, Деҳқонобод ва Хонақоҳи Кўҳӣ дар дастархонороӣ ҳунари худро беҳтар ба намоиш гузошта, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Ҳунармандони Ҷамоати шаҳраки Ҳисор намунаи дастархондории замонавиро бо маҳорати баланд ба намоиш гузоштанд, ки писанди ҳакамону меҳмонон гашт.

Дар анҷом ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд ва дар даври ҷумҳуриявии озмуни «Дастархонороӣ» ширкат хоҳанд кард.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru