ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН
БАРОИ МУРОҶИАТ
ҲИСОР ДАР АКСҲО
ТАШРИФКУНАНДАГОН







![]() | Имрӯз | 48 |
![]() | Рӯзи гузашта | 2822 |
![]() | Ҳамин ҳафта | 7448 |
![]() | Ҳафтаи гузашта | 14106 |
![]() | Ҳамин моҳ | 7448 |
![]() | Моҳи гузашта | 63082 |
![]() | Ҳамагӣ | 1145653 |
Қабули сайёри раиси шаҳри Ҳисор
- Панҷшанбе, 11 Феврал 2021


- Пешина
- 1 of 2
- Минбаъда
Тибқи нақшаи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор 11 феврали соли 2021 дар Ҷамоати шаҳраки Ҳисор тариқи равзанаи ягона рўзи қабули сайёри Раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумъазода доир гардид.
Дар толори қабул муовинон, мудирони шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассиса ва корхонаҳо, инчунин кормандони дастгоҳи ҷамоат иштирок доштанд.
Ба раиси шаҳр 17 нафар сокинони ҷамоат оид ба мушкилоти ҷойдошта дар кору фаъолият ва зиндагиву рўзгорашон муроҷиат намуда, бештари муроҷиати шаҳрвандон марбут ба гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, ҳамчунин баҳсҳои оилавӣ оид ба тақсимоти замин ва мерос буда, инчунин сокинони бархе аз кўчаву маҳаллаҳои шаҳрак вобаста ба мушкилоти ҷойдошта дар хатҳои барқ ва равшаннамоии кўчаҳо, таъмини мунназами оби ошомиданӣ мусоидат намудани Раиси шаҳрро дархост карданд.
Шарифҷон Ҷумъазода ҷиҳати ҳалли мушкилот ва масъалаҳои вобаста ба муроҷиати шаҳрвандон дар давраҳои муайян ба роҳбарону масъулини соҳаҳои марбута тавсия ва дастуру супориш дод.