Таҷлили иди Наврӯз дар Ҷамоати Мирзо Ризо

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 3
  • Минбаъда

 

Имрӯз сокинони Ҷамоати деҳоти Мирзо Ризо бо шукргузорӣ аз фазои орому осуда ва пешрафти давлат фарорасии иди Наврӯзро мутантан таҷлил намуданд, ки дар он раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода ширкат ва суханронӣ намуда, мавсуф аз ҷумла зикри он дошт, ки «Наврӯз ҳамчун ҷашни зебоиву шукуфоии ниёгон дар давоми ҳазорсолаҳои дигар бозҳам шукӯҳу нусрати фаровоне касб намуда, ҳамеша мардумро ба ҷаҳонсозиву зиндагиофарӣ, покизагиву меҳнатқаринӣ ва анҷоми корҳои созандагӣ даъват намудааст.

Сокинони Ҷамоати деҳоти Мирзо Ризо аз Наврӯзи гузашта то имрӯз дар роҳи татбики сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои назаррасро ба анҷом расониданд ва итминони комил дорам бо қудуми мубораки Наврӯз ин гушаи диёрамон дучанд ободу зеботар хоҳад гашт. Дар идомаи сухан раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумазода таманнои он дошт: «Бигзор Наврӯз ба хонаводаи ҳар яки Шумо рӯзҳои пурнуру офтобӣ, равнақу барори кор ва ба қавли ниёгони шарафмандамон баракоти оби равон, файзи дастурхони пурнеъмат, борони раҳмати баҳорӣ, сарсабзиву сарбаландӣ ато намояд.»

Баъдан хатансури 22 нафар тифлони деҳа баргузор гардид, ки тӯҳфаҳои омодагардида дастраси соҳибҷашнҳо ва барномаи фарҳанги манзури ҳозирин гардид.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru