ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1510
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта2567
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта8378
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта20198
mod_vvisit_counterҲамин моҳ40286
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта50366
mod_vvisit_counterҲамагӣ1228857

Деҳот обод мегардад

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 4
  • Минбаъда

Бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврўз ва истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллӣ -  30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳоти шаҳри Ҳисор тибқи нақшаи пешбинигардида баробари корҳои ободонӣ ифтитоҳи иншооти таъйиноташон гуногун бо маром идома дорад.

Санаи 27 марти соли равон дар деҳаи Лангари Ҷамоати деҳоти Деҳқонобод бинои сартарошхона ифтитоҳ гардида, мушкили сокинони деҳа ва деҳаҳои атрофи онро осон намуд.   Деҳаи мазкур аз маркази шаҳр дар масофаи зиёда аз 3 киллометр дуртар қарор дошта, сокинони он қаблан барои ин намуд хизматрасонӣ ба маркази шаҳр мерафтанд. Соҳибкор тасмим гирифтааст дар бинои холии шафати он нуқтаи хўрокҳои тезтайёрро роҳандозӣ карда шуд.

Ҷамоати деҳоти Сомон дар шаҳр аз ҷиҳати бунёдкорӣ  пешсаф буда, соҳибкорону сокинони он азм доранд 138 иншоотро  ба  истиқболи ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфа намоянд. Ҳайати кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар деҳаи Мортеппа ба фаъолияти маркази хизматрасонӣ оғози расмӣ бахшиданд. Бино аз ду ошёна иборат буда, дар қабати якум мағоза ва дар қабати дуюм коргоҳи дўзандагӣ ва синфхонаи омўзиши забонҳои хориҷӣ амал мекунад. Дар пайи ин иқдом, ки аз ҷониби собиқадори соҳаи маориф, нафақахўр Давлат Зиёев роҳандозӣ гардидааст, дар коргоҳи дўзандагӣ 5 нафар бонувон ва дар умум 8 нафар бо кори доимӣ фаро гирифта шудаанд. Дар коргоҳи дўзандагӣ барои касбомўзии духтарони маҳаллӣ низ шароит муҳайё шуда, дар оянда барои зиёд гардидани ҷойи кор заминаи мусоид фароҳам омадааст.

Бо иштироки фаъолони ҷамоат дар деҳаи Истиқлол сартарошхона ва дар маҳаллаи навбунёди деҳаи Дучинора маӯозаи хўрокворӣ ва ашёи рўзгор мавриди бақрабардорӣ қарор дода шуд.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru