ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1421
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта2567
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта8289
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта20198
mod_vvisit_counterҲамин моҳ40197
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта50366
mod_vvisit_counterҲамагӣ1228768

Мулоқоти судманд

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 3
  • Минбаъда

Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода нимаи дуюми рўзи 2 апрел ба маҳаллаи Белайдузи Ҷамоати шаҳраки Ҳисор ташриф оварда бо мақсади тақвияти корҳои ободонӣ ва созандагӣ ба истиқболи ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони дастгоҳи Ҷамоати шаҳраки Ҳисор ва раисони 17 маҳаллаи ҳудуди он мулоқот намуд. Раиси шаҳр зимни суҳбат иброз дошт, ки мақсад аз баргузории вохўрӣ дар Белайдуз аз он хотир аст, ки раисони маҳаллаҳои дигар ба корҳои ободонии сокинони ин маҳаллаи овозадор аз наздик шинос гардида, дар фаъолияти кории худ аз таҷрибаи онҳо истифода намоянд.

Аснои суҳбат бо сокинони маҳалла ва раисони маҳаллаҳои шаҳрак дар кўчаҳои Белайдуз, Сафар Амиршоев, Исмоил Ҳамзаалиев корҳои таъмири роҳ ва кандани ҷўю хатҳои оби нўшокӣ ва канализатсия бо истифодаи техникаҳои муқтадир ҷўш мезад. Тибқи маълумот алаккай дар кўчаҳои Усто Набот, Искандар Қурбон ва Ҳусейн Файзулло ба масофаи бештар аз як километр ҷўю канализатсия канда шудааст ва рўзҳои наздик дар ин кўчаҳо ба масофаи 4 километр роҳҳо сангфаршу мумфарш карда мешаванд. Лозим ба ёдоварист, ки ободонии маҳалла бо саҳми аҳолӣ ва дастгирии соҳибкорони ҳимматбаланди маҳалла роҳандозӣ карда мешаванд.

Раиси шаҳр ба сокинони маҳаллаи Белайдуз, сарварон ва шахсони муътабари деҳа барои сафарбарии мардум ба корҳои созандагиву ободонӣ изҳори сипос намуда, иқдоми онҳоро барои дигарон намуна ва омўзанда баҳогузорӣ кард. Ҳамчунин, аз фаъолияти дигар раисони маҳаллаҳо низ изҳори қаноатмандӣ карда, онҳоро ба муттаҳидӣ ва сарҷамъи даъват кард ва ба фаъолияту иқдомҳои пешгирифтаашон барору комёбӣ таманно намуд.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru