ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз551
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта1888
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта551
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта15528
mod_vvisit_counterҲамин моҳ37914
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта63004
mod_vvisit_counterҲамагӣ1196325

Рӯзи қабули шаҳрвандон дар Ҷамоати деҳоти Сомон

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 3
  • Минбаъда

Аз ҷониби Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода маротибаи чорум дар Ҷамоати деҳоти Сомон Рӯзи қабули шаҳрвандон баргузор гардид. Иҷрои ин амал тибқи мушоҳидаҳои коршиносон ва муроҷиатҳои хаттию шифоҳии худи шаҳрвандон воқеан дархӯрди муаммоҳои ҷойдоштаи ҷомеа ва амали шоистае дар баррасию ҳаллу фасл ва эътинои саривақтӣ ба дархостҳои сокинон маҳсуб меёбад. Агар соли 2018 50 нафар сокинони ҷамоат барои ҳалли мушкилоти худ ба раиси шаҳр муроҷиат карда бошанд, пас дар Рӯзи қабули шаҳрвандон, ки санаи 11 октябри соли ҷорӣ баргузор гардид, ҳамагӣ 9 нафар муроҷиат карданд. Қисми бештари муроҷиатҳо ба масъалаҳои оилавӣ ва таъмин бо қитъаи замин аст.

Ҳадаф аз баргузории Рӯзи қабули шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарони ҳамаи зинаҳо дар маҳалли зисти аҳолӣ, такмили роҳу усулҳои қабули шаҳрвандон, ҳалли мушкилоти рӯзгори мардум, таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатӣ ва иртиботи мутақобилан судманди мақомот бо ҷомеа мебошад.

Ман борҳо дар мулоқоту вохӯриҳоям бо сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот таъкид намудаам, ки ҳар як пешниҳоде, ки аз ҷониби шаҳрвандон манзур мегардад, агар заррае ҳам дар беҳдошти иҷтимоиёти мардум, ободию пешравии кӯчаву маҳалла мусоидат намояд аз ҷониби мо пазируфта мешавад ва рафти амалишивии он зери назорат қарор мегирад - иброз дошт раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумъазода.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru