ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз539
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта1888
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта539
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта15528
mod_vvisit_counterҲамин моҳ37902
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта63004
mod_vvisit_counterҲамагӣ1196313

Боздиди деҳаҳо

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 8
  • Минбаъда

Бо мақсади ошноии бештар аз  фароҳамии шароити мусоид ба зиндагӣ, таълими фарзандон, фаъолияти соҳибкорӣ, корхонаҳои саноатӣ, таъмини хизматрасонии коммуналӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии маҳсулоти кишоварзӣ, батартиб овардани роҳу кучаҳо, иҷрои талаботи озмуни шаҳрии “Беҳтарин маҳали аҳолинишин” раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода ба ҳамаи деҳаҳои ҷамоати деҳоти Сомон сафар намуда, бо аҳолӣ сӯҳбату мулоқоти судманд баргузор намуд.

Бояд тазаккур дод, ки то имрӯз аз 62 иншооти ҷашнӣ 34 иншоот мавриди истифода қарор гирифт ва иҷрои корҳо дар дигар иншооти ҷашнӣ идома дорад.

Ба соҳибкорони бо нангу ори ҷамоат, шахсони хайрхоҳ, фаъолон ва аҳолии деҳаҳое, ки дар бунёд ва азнавсозии иншооти ҷашнӣ саҳми назаррас дорад, изҳори сипосу эҳтиром намуда, итминони комил дорам бо афзун шудани сафи чунин инсонҳои хайрхоҳ мо дар ояндаи наздик корҳои бузурги созандагиву бунёдкориро дар ҳудуди ҷамоат бештар амалӣ хоҳем кард - зикр дошт зимини мулоқот бо сокинони деҳаҳо раиси шаҳр.

Шаҳрдори Ҳисор ҳангоми боздид аз вазъи хизматрасонии тиббӣ, фаъолияти муассисаҳои таълимӣ, парвариш ва ҷамъоварии ҳосил дар замини хоҷагиҳо ва зиндагии собиқадорони меҳнат шинос гардид.

Бояд тазаккур дод, ки дар ҷамоати мазкур беш аз 7 млн. 500 ҳазор сомонӣ корҳои ободонию созандагӣ бо дастгирии аҳолӣ ва соҳибкорон амалӣ гардида, иҷрои корҳо идома дорад.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru