ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз2073
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта3111
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта5184
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта17033
mod_vvisit_counterҲамин моҳ66982
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта60568
mod_vvisit_counterҲамагӣ1860364

Дар тарбияи фарзандон масъулиятшинос бошем

http://www.zoofirma.ru/

Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ҷаласаи муштараки комиссия оид ба ҳифзи ҳуқуқи кўдак, шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Ҳисор доир гардида, масъалаҳои рафти татбиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», пешгирӣ аз амалҳои номатлуб аз қабили сўиқасд ба ҷони худ, ифротгароӣ, рўй овардан ба фарҳанги бегона ва ҷинояткорию дигар ҳуқуқвайронкуниҳо, инчунин, таблиғи тарзи ҳаёти солим, ҷалби наврасон, бахусус духтарон ба таҳсил, менатдўстӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии онҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.

Дар ҷаласа, ки таҳти раёсати муовини Раиси шаҳр баргузор гардид, кормандони масъули шуъбаю бахшҳои дастгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, масъулони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот оид ба кор бо занон ва оила, комиссияи ҳифзи ҳуқуқи кўдак, намояндагони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, ходимони дин, раисони Шўрои занони муассисаву ташкилот ва маҳаллаву деҳот иштирок доштанд.

Оид ба ҳолатҳои ҷиноят ва қонуншиканиҳо байни ноболиғон, рафти иҷрои талаботҳои қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт намояндаи шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Ҳисор, мудири шуъбаи сабти асноди шаҳрвандӣ, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр суханронӣ намуданд.

Сипас, бо иштироки аҳли толор муколамаи озод доир гардида, нисбати масъалаҳои ироашуда, ки доғи рўз маҳсуб меёбанд, сархатиби шаҳр, собиқадорони соҳаи маориф ва дигар фаъолони шаҳр фикру андеша ва пешниҳодҳои ҷолиб баён доштанд.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru