ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1999
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта3111
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта5110
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта17033
mod_vvisit_counterҲамин моҳ66908
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта60568
mod_vvisit_counterҲамагӣ1860290

Мумфаршкунӣ дар маҳаллаи Пахтаобод

http://www.zoofirma.ru/

Вобаста ба дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор эълон шудани соли 2021 «Соли роҳҳои обод» дар маҳаллаву деҳоти ҷамоатҳо нақшаи бунёд ва таъмиру таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ амалӣ мегарданд.

Дар маҳаллаи Пахтаободи Ҷамоати шаҳраки Ҳисор бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва дастгирии соҳибкорон роҳи кўчаҳои маҳалла давра ба давра мумфарш карда мешаванд. Санаи 2 октябри соли равон дар расми оғози корҳои мумфаршкунии роҳ раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумъазода иштирок карда, ба соҳибкорон барои ташаббуси наҷиби ватандўстонаашон изҳори сипос намуд. Роҳи мазкур дар масофаи беш аз як километр бо паҳноии 5 метр пурра мумфарш гардида, соҳибкорон тасмим гирифтаанд, ки бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва аҳолӣ мумфаршкунии роҳи боз як кўчаи дигарро низ дар рўзҳои наздик ба анҷом мерасонанд.

Қобили зикр аст, ки бахшида ба ҷашни Истиқлол дар маҳалла бо саҳмиаҳолӣ ва соҳибкорон чандин иншоот сохта, роҳу пулҳо таъмиру азнавсозӣ ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru