ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз2047
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта3111
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта5158
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта17033
mod_vvisit_counterҲамин моҳ66956
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта60568
mod_vvisit_counterҲамагӣ1860338

Оғози сохтмони бинои панҷошёнаи бисёрҳуҷрадор

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 5
  • Минбаъда

31 декабр бо иштироки Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода ва собиқадорони меҳнати шаҳр дар деҳаи Ҳаёти Нави Ҷамоати деҳоти Ҳисор ба сохтмони бинои панҷошёнаи бисёрҳуҷрадор, ки барои кормандони Комбинати нобиноён пешбинӣ шудааст, оғози расмӣ бахшида шуд. Фармоишгари асосии бино, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор маҳсуб ёфта, аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ сохта мешавад.

Лоиҳаи онро ҶДММ «Созанда 2012» бо намои хеле зебои замонавӣ тарҳрезӣ карда, сохтмони биноро ҶДММ «Сомониён» бар уҳда дорад. Тибқи нақшаи сохтмончиён бино ба муносибати 35 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта, мавриди истифода қарор дода мешавад.

Аснои шиносоӣ бо рафти сохтмон ба раиси шаҳр иттилло доданд, ки дар сохтмон 12 нафар сокинони маҳаллӣ ҷалб гардида, бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардидаанд.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru