ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз2056
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта2088
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта13796
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта16678
mod_vvisit_counterҲамин моҳ49271
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта63004
mod_vvisit_counterҲамагӣ1207682

Тантанаи родмардони Ватан

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 4
  • Минбаъда

Аз баровардани Қушунҳои Давлати шӯравӣ аз хоки Афғонистон 30 сол сипарӣ гардид ва ин санаи таърихиро дар кишвари азизи мо Тоҷикистон бо шукргузорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, фазои сулҳу осоиш ва корномаҳои неки иштирокчиёни ин набарди бесобиқа ёд мекунанд.

Бахшида ба ин санаи таърихӣ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор чорабинии ҷашнӣ баргузор гардид, ки дар кори он раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумазода иштирок ва суханронӣ намуд.

“Сокинони шаҳр хуб огоҳанд, ки бо сабаби шиддат гирифтани муқовиматҳои қувваҳои мухолиф ва давлат дар кишвари ҳамсоя 24 декабри соли 1979 бо хоҳиши Ҳукумати Афғонистон қӯшуни маҳдуди Иттиҳоди Шӯравӣ ба хоки ин кишвар ворид гардид. Тибқи ахбори сарчашмаҳои таърихӣ 15 ҳазор нафар фарзандони тоҷик дар ҷанги Афғонистон иштирок намуданд, ки аз онҳо 366 нафар ҳалок гардида, зиёда аз 1000 нафар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд. Артиши Шӯравӣ моҳи декабри соли 1979 ба хоки Афғонистон ворид гардид. Дар соли 1988 баъди ба имзо расидани Созишномаи Ҷенева баровардани Артиши Шӯравӣ аз хоки Афғонистон оғоз гардид ва 15 феврали соли 1989 охирин ҷузъи 40-уми Армияи Иттифоқи Ҷумҳурияҳои Шуравии Сотсиалистӣ хоки Афғонистонро тарк намуд. Артиши Шӯравӣ 9 солу як моҳу 12 рӯз дар қаламрави Афғонистон қарор дошт.

Имрӯз дар шаҳри Ҳисор 347 нафар сарбозони башардӯст кору фаъолият доранд. 50 нафар аз олам гузаштаанд, ки номи неки онҳоро асрҳои аср халқ фаромӯш нахоҳад кард ва мо дар ин лаҳзаҳои таърихӣ бори дигар номи онҳоро бо неки ба ёд оварда, барояш шараф дар роҳи иҷрои қарзи фарзандӣ мехонем.

Мову шумо хуб медонем, ки дар кишвари мо садҳо кӯчаву хиёбон ва лавҳаҳои ёдгорӣ ба ифтихори сарбозону афсароне, ки дар ин ҷабҳа матонату мардонагӣ нишон додаанд, инчунин онҳое, ки аз майдони набард барнагаштаанд, номгузорӣ гардида, ба зиёратгоҳ ва ба василаи тарбияи ватандӯстии ҷавонону наврасони кишвар табдил ёфтаанд”- зикр дошт дар суханронии худ раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумазода

Бояд тазаккур дод, ки дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон тавассути сиёсати башардӯстонаву оқилонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арҷ гузоштан ба зиндагиномаву корнамоиҳои фарзандони асили миллат ба як самти муҳими фаъолият табдил ёфтааст ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҳамеша хизмату корнамоиҳои ҷанговарони башардӯстро қадр ва эҳтиром менамояд.

Баъдан чанд нафар аз иштирокчиёни набардҳои Афғонистон бо медалҳои ҷашнӣ ва Сипоснома қадршиносӣ шуданд.

Бигзор, бо шарофати ҳастии ҷовидона ва сиёсати пойбарҷои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон офтоби бахту саодат, сулҳу оромӣ ва фаровонии неъмат бар сари сокинони Ватани маҳбубамон ҳамеша нурафшон бошад.

Шараф ба сарбозони башардӯст.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru