ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1747
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта4838
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта6585
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта26340
mod_vvisit_counterҲамин моҳ68957
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта123957
mod_vvisit_counterҲамагӣ2173134

боздид аз хоҷагии ёрирасони Муасисаи ободонӣ

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 2
  • Минбаъда

Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода аз хоҷагии ёрирасони Муасисаи ободонию кабудизоркунии назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ки ба парвариши гулу бутта ва ниҳоли дарахтони ороишӣ машғул аст, дидан намуд.

Бояд тазаккур дод, ки ду сол қабл муасиссаи мазкур ташкил ёфта, барои таъсиси хоҷагии ёрирасон бо қарори раиси шаҳр 1га замин ҷудо карда шуд. Имрӯз дар хоҷагии зикршуда дар баробари парвариши ниҳолу буттаҳои ороишӣ беш аз 100 000 бех гул парвариш меёбад. Агар соле қабл мақомоти маҳаллӣ ва ташкилоту муассисаҳои шаҳр аз дигар манотиқи ҷумҳурӣ гулу бутта ва дарахтони сояафкану ороиширо харидорӣ карда бошанд, минбаъд хоҷагӣ дар баробари таъмини талаботи сокинон метавонад, онро барои харидорон аз дигар шаҳру ноҳияҳо ба фурӯш гузорад.

Раиси шаҳр ба масъулин супориш дод, ки навъи гулу бутта ва ниҳолонро афзун намуда, ба парвариши онҳо эътибори бештар зоҳир намоянд.

Директори муасиса Сироҷов Мӯсо ибрози он дошт, ки парвариши зироатҳои полезӣ низ ба роҳ монда шудааст ва ҳосили он барои кормандон ройгон тақсим карда мешавад.

Аз сокинони шаҳр даъвати он дорем, ки ба қадри заҳмати ободкорони шаҳр бирасанд ва гулу буттаҳои гулгашту хиёбонҳои шаҳрро аз зарар эмин нигоҳ доранд.

Гулафшонию гуландомии Ҳисор аз ҳар сокини шаҳр эҳсоси дӯстдории табиатро тақозо дорад.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru