Мавсими қабули пилласупорӣ оғоз ёфт

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 2
  • Минбаъда

Кирмакпарварони хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор дар рўзи аввали пилласупорӣ аз 65 то 150 киллограм ашёи гаронбаҳои саноатӣ супориданд. Дар комёбии ба даст омада, саҳми Қувондоқ Шоимов, Моҳираҷаб Азимова, Сафар Омонов, Ҳайитой Саидова, Маъмур Раҳмонов, Марҳабо Юсуфова, Робия Нурова ва дигарон калон аст.

«Пиллаи Ҳисор» тасмим гирифтааст, ки барои боз ҳам равнақу ривоҷ додани соҳа аз ҳисоби тутзорҳои ҳудуди шаҳр истеҳсоли пилларо боз ҳам афзун намуда, ба корхонаи пиллақабулкунӣ аз 450 қуттӣ 22,5 тонна ашёи гаронбаҳо хоҳанд супорид. Ҷамъоварии пилла дар шаҳри Ҳисор бо суръат идома дорад.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru