Замина барои ҳосили фаровон

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 3
  • Минбаъда

Бо сифат ва тибқи талаботи агротехникӣ гузаронидани кишти тарамоҳӣ яке аз омилҳои муҳими фаровонии ҳосил ба шумор меравад. Бо мақсади ошноии бештар аз рафти корҳои саҳроӣ-ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ дар идомаи сафарҳои кории худ раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода аз қитъаҳои замини кишоварзии Ҷамоатҳо дидан намуд. Дар ҳамроҳӣ бо мутахассисони соҳа масъалаҳои ҷудо кардани майдони кишти иловагӣ барои кишти пунбадона, рафти корҳои таъмирӣ дар пойгоҳҳои обкаш ва сифати кишти тирамоҳӣ мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор гирифт ва раиси шаҳр оиди рафъи камбудиҳои мавҷуда ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас дод. Боздиди раиси шаҳр аз замини хоҷагиҳои кишоварзӣ идома дорад.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru