Гулпарварӣ

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 3
  • Минбаъда

Мавқеи ҷойгиршавии шаҳри Ҳисор ва чун сарзамини бостонию дорои ёдгориҳои таърихӣ шуҳрати ҷаҳонӣ касб кардани он тақозо менамояд, ки ин шаҳри тозаҷавону дорои таърихи кӯҳан бояд ҳамеша сарсабзу гулбадомон нигоҳдорӣ шавад. Бо мақсади парвариши гулҳо дар кӯчаву хиёбонҳо ва назди биноҳои маъмурию манзили зисти шаҳрвандон ҳанӯз тирамоҳи соли гузашта беш аз 50 ҳазор бех қаламчаҳои гулҳои навъи петуния, тагетс, марҷонгул, вербана, астра, лола, катарантус, магнолия ва селозия дар қаламрави шаҳр мавриди парвариши қарор гирифта, имсол шумораи онҳо дучанд афзоиш низ ёфтааст. Иловатан бар ин дар хоҷагиҳои гулпарварри шаҳр низ якчанд намуди гулҳо парвариш карда мешаванд, ки хоҳишмандон метавоннд, онро дастрас ва барои табдил додани манзили худ ба гулистон истифода баранд.

Гулпарварӣ аз пешаҳои қадимии аҷдодони мо буда, бо шарофати сиёсати бунёдкоронаии Пешвои миллат дар таърихи навини давлатдориамон ба худ ҷилои тозаро касб кардааст. Бунёди боғу хиёбон, кӯчаву роҳравҳои гулпӯш ишора бар он доранд, ки сокинони Тоҷикистон, аз ҷумла шаҳрвандони шаҳри Ҳисор гулро чун завқбахши рӯзгори худ қабул карда, парвариш ва нигоҳдории онро шараф ва хислати неки файзбахши диёр пазируфтаанд. Дар мавсими ҷорӣ бо тавсияи раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумазода дар ҳудуди шаҳр беш аз 100 ҳазор гулу бутта ва ниҳолҳои сояафкан шинонида мешавад.  Пас биёед, шаҳри Ҳисорро ба ҳисори сабзаву райҳон, бӯстону гулистон, шаҳри ишқу муҳаббат ва ифтихори муосирони хеш табдил медиҳем, ҳамдиёрони азиз.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru