«Корвони пахта»

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 6
  • Минбаъда

Пахтакорони шаҳри Ҳисор бо мақсади амалӣ гардонидани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли равон тамоми ҷидду ҷаҳди хешро ба он равона карданд, то ки ҳосили хуби пахта парвариш карда шавад ва онҳо дар майдони 2714 гектар пунбадона кишт намуда, парвариши онро дар асоси талоботи агротехникӣ ба роҳ монданд ва ҳоло барои бунёди хирмани бошукӯҳи 6 ҳазор тоннагии «тиллои сафед» ҷаҳду талош доранд.

Дар чорабинии бошукӯҳи «Корвони пахта», ки бо иштироки роҳбарони хоҷагиҳо, мутахассисону пахтакорон ва пирони рӯзгордида баргузор гардид, раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода бо пахш кардани тугмаи коргоҳи қабули пахта ба ин маъракаи муҳим оғоз бахшид ва дар суханронии худ бори дигар вазъи корҳои кишоварзӣ, махсусан дастоварду камбудиҳоро дар соҳаи пахтакорӣ мавриди таҳлил қарор дода, зикри дошт:

Ислоҳоти сектори пахтакорӣ бояд ба ҳалли бӯҳрони қарзӣ, дастрас будани соҳа ба захираҳои қарзӣ ва молиявӣ, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва муҳим аз ҳама барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ равона карда мешавад. Бинобар ин мукаммалгардонии технологияи парвариши пахтаю истифодабарии техникаи муосир, коркарди навъҳои беҳтарини тухмӣ, мустаҳкам намудани базаи моддӣ – техникӣ, механизатсияи корҳои саҳроӣ, эътимоднокии фаъолияти системаҳои ирригатсионӣ ва обёрикунӣ имконият медиҳад, ки дар баробари ба 2714 гектар расонидани кишти пахта кишоварзони шаҳр вазифадоранд ҳосилнокиро низ афзун намоянд.

Имсол пас аз омӯзиши вазъи парвариши пахта мутахассисон бар он хулоса омадаанд, ки дар саҳрои хоҷагиҳои пахтакор 22 сентнер ҳосил вуҷуд дорад ва баъзе хоҷагиҳо метавонанд то 35-40 сентнер ҳосил низ ба даст оранд.

Боварии комил дорем, ки аъзоёни хоҷагиҳои ҷамъиятӣ, деҳқонӣ, кооперативҳои истеҳсолӣ ва ҳашарчиён дастуру супоришҳои аз тарафи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баёнгаштаро сармашқи кори худ намуда, кӯшиш ба харҷ диҳанд, то ки дастранҷи марди деҳқон саривақт ҷамъоварӣ карда шуда, замина барои ҳосили соли оянда гузошта шавад.

Бигзор, дар фаъолияти пурсамар ва амалӣ шудани ҳадафҳои некатон кору пайкор ва номи ҷовидонаи саркорони номдори пахтакори шаҳр ҳидоятгару илҳомбахш бошад!

Ба Корвони “Тиллои сафед” бошад, роҳи сафед орзумандам-иброз дошт дар хотимаи сухан раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумазода.

Муваффақиятҳо ёратон бод, пахтакорони меҳнатқарин!

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru