Сайри харбуза ва иди асалу каду

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 7
  • Минбаъда

Дар айёме, ки сокинони шаҳри Ҳисор, аз ҷумла кишоварзони шаҳр бо шукргузорӣ аз фазои орому осуда 27 – солагии Рӯзи Истиқлолияти давлатиро мутантан таҷлил намуда, барои ҷамъоварии ҳосили бо заҳмат рӯёнидаи худ камари ҳиммат бастаанд, баргузории чорабинии Сайри харбуза ва иди асалу каду нишони фаровонии неъмат ва биҳиштдомонии ин диёри куҳан маҳсуб меёбад.

Қадршиносии заҳмати марди деҳқон ва эҳтиром ба неъматҳои офарида ӯ дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба як самти муҳими сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон табдил ёфтааст, ки дар роҳи татбиқи ин сиёсати бунёдгарона корҳои назаррас пайваста амалӣ мегардад

Имрӯз Шумо ба ин мавзеъ, ки маҳсули ҳидояти хирадмандонаи Пешвои миллат буда, бо номи чойхонаи харбуза машҳур гардидааст ба Сайри харбуза ворид шуда, бо таъми харбузаҳои «Амирӣ», «Оби набот», «Шакарпора», «Бӯрикалла», «Умрбоқӣ», «Кӯкча», «Мирзочӯлӣ», «Асадӣ», «Беҳзодӣ», «Лаби обӣ», «Чокарӣ», ва ғайраҳо ошно хоҳед гашт…

Зиёда аз 500 навъи харбуза дар Осиёи Миёна парвариш ёфта, беш аз 250 навъи он номи тоҷикӣ дорад, ки ин гувоҳи равшани ватани харбуза будани диёри тоҷикон аст…

Занбӯриасалпарварони шаҳри Ҳисор то имрӯз оилаи занбӯри асалро дар ҳама бахшҳои хоҷагидорӣ зиёда ба 4 ҳазору 400 оила расонидаанд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 247 оила зиёд гардидааст. Истеҳсоли асал низ ба 34,8 тонна расонида шуд, ки нисбати ҳамин даври соли гузашта 2,8 тонна зиёд гардидааст-иброз дошт дар суханронии худ раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода.

Бояд тазаккур дод ки маҳсули пешниҳодкардаи занбӯрпарварони шаҳр, хоҷагиҳои деҳқонию инфиродӣ гувоҳӣ аз он дорад, ки шаҳри Ҳисор манбаи асосии парвариши ин неъмати бебаҳо маҳсуб ёфта, метавонад дар ояндаи наздик бо тарбузу харбуза ва кадую дигар намуди полизиҳо шуҳратёр гардад.

Иштирокчиёни фаъоли чорабинии мазкур барои пешниҳоди беҳтарин намудҳои харбуза ва ишғоли ҷои якум ба маблағи 1000 сомонӣ, ҷои дуюм 700 сомонӣ ва ҷои сеюм 500 сомонӣ қадршиносӣ гардиданд ва асалпарварони ғолиб низ бо чунин мукофотҳои пулӣ ва Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр сарфароз гардиданд.

Аз ҷониби ҳунармандони бахши фарҳанг барномаи консертӣ манзури сокинони шаҳр гардид ки дорои мазмуну мӯҳтаво баланд буд.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru