ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз832
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта3289
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта14888
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта13109
mod_vvisit_counterҲамин моҳ40135
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта56757
mod_vvisit_counterҲамагӣ1135542

Мароми мо-рушди соҳаи кишоварзӣ

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 2
  • Минбаъда

Муовини Сарвазир мамлакат Зокирзода Мамадтоир санаи 15 феврал дар шаҳри Ҳисор дар ҳузури раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумазода ва кишоварзони шаҳр дастовардҳои соҳаи кишоварзии шаҳрро мавриди таҳлил ва натиҷагирӣ қарор дода, аз рафти корҳои саҳроӣ ва омодагӣ ба мавсими кишт пурсон шуд.

Муовини раиси шаҳр Носирзода Ҷ аз натиҷаи фаъолият дар соли 2018 ҳисобот дода, аз ҷумла зикри он дошт: «Аз ҷамъбасти соли 2018 бармеояд, ки кишоварзони шаҳри Ҳисор ҷиҳати иҷрои нақшаҳои меҳнатӣ, баланд бардошти сифат ва ҳосилнокии маҳсулот, истифодаи самараноки замин, таъмини нақшаи кишт, бунёди боғу токзор ва махсусан такмили соҳаи пахтапарварӣ корҳои назаррасро анҷом додаанд ва минбаъд низ азми он доранд, ки дар татбиқи сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садоқатмандона амал намоянд.

Дар соли 2018 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба маблағи 756 миллион сомонӣ, ё ба андозаи 107,1% таъмин гардида, дар майдони 2714 гектар кишти пахта кишт карда шуд. Ин нишондиҳанда дар қиёс бо соли 2016 - 2490 гектар ва соли 2017 – 1701 гектар зиёд аст. Соли сипаришуда ҳосилнокии пахта аз њар гектар 18 сентнерро ташкил дод.

Ҳамзамон, ба миқдори 20 ҳазору 483 тонна мева ва 30 ҳазору 251 тонна ангур истеҳсол гардид, ки ин нисбат ба соли 2018 мутаносибан 1561 тонна ва 2 ҳазору 83 тонна аст. Содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба 7794 тонна расонида шуд.

Дар ин давра дар майдони 329 гектар боғ ва 99 гектар токзори нав бунёд гардид…»

Баъдан раисони ҷамоатҳои деҳоти Ҳисор, Мирзо Турсунзода ва Мирзо Ризо аз вазъи фаъолият ва нақшаҳои кории дастгоҳи ҷамоат ҷиҳати рушди соҳаи кишоварзӣ маълумот манзур намуданд ва муовини Сарвазир мамлакат Зокирзода Мамадтоир ба масъулин барои пешрафти соҳа ва омодагии ҳамаҷониба ба мавсими баҳор ва иҷрои нақшаю ӯҳдадориҳои соҳавӣ маслиҳат ва дастуру супоришҳои муфид баён дошт.

Раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумазода барои баёни дастуру супориши муфид ба муовини Сарвазир мамлакат Зокирзода Мамадтоир изҳори сипос намуда, аз ҷумла зикри он дошт: «Баъди чанде фасли баҳор фаро мерасад ва кишоварзони шаҳр вазифадоранд, камбудию норасоиҳое, ки имрӯз баён гардиданд саривақт бартараф намуда, тухмиҳои хушсифат, заҳбуру каналҳо ва техникаи кишоварзиро барои мавсими кишт омода намуда, ҳар ваҷаб заминро мақсаднок истифода баранд. Раёсати кишоварзии шаҳр, раисони хоҷагиҳои ҷамъиятиву деҳқонӣ ва ҷамоатҳои деҳот вазифадор доранд,  ҷиҳати рушди соҳаи кишоварзӣ ва таъмини амнияти озӯқаворӣ аз ҳоло заминаи боэътимод ва барои аъзоёни хоҷагӣ шароити мусоидро фароҳам оваранд ва дар як вақт барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмгузор бошанд.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru