ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН
БАРОИ МУРОҶИАТ
ҲИСОР ДАР АКСҲО
ТАШРИФКУНАНДАГОН







![]() | Имрӯз | 2783 |
![]() | Рӯзи гузашта | 1931 |
![]() | Ҳамин ҳафта | 10245 |
![]() | Ҳафтаи гузашта | 19344 |
![]() | Ҳамин моҳ | 7361 |
![]() | Моҳи гузашта | 63082 |
![]() | Ҳамагӣ | 1145566 |
Вусъати шудгори тирамоҳӣ
- Панҷшанбе, 24 Декабр 2020

Кишоварзони шаҳр бо мусоидати раёсати кишоварзӣ аз ҳар лаҳзаи обу ҳавои мусоиди даҳаи дуюми моҳи декабр самаранок истифода намуда, корҳоро дар самти аз ғўзапоя тоза кардани майдонҳои пахтазор ва шудгори замин вусъат бахшиданд. Даҳҳо трактору агрегатҳои шудгоркунанда дар саҳро шабу рўз дар ҳаракат буда, саҳми механизаторони КТ ба номи Латиф Муродов ва ҶДММ «Абдурауф Юсуфов» дар шудгори босуръату босифат намунаи ибрат ва шоистаи таҳсинанд. Онҳо бо истифода аз яхбандии заминҳои сернам шудгори шабонаро ба роҳ монда, наќшаи шудгори тирамоҳиро наздик то ба 90 фоиз иҷро кардаанд. Тибқи иттиллои Раёсати кишоварзӣ дар шаҳр ҳамарўза то 130-135 гектар замин шудгор карда мешаванд.