ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз2803
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта1931
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта10265
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта19344
mod_vvisit_counterҲамин моҳ7381
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта63082
mod_vvisit_counterҲамагӣ1145586

Ҷашни Сада дар Ҳисор

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 3
  • Минбаъда

Ҷашни Сада аз бузургтарин ҷашнҳои суннатии тоҷикон буда, бо гузашти замон ин ҷашни миллӣ ба кунҷи фаромўшӣ рафта ба таври зарурӣ қайд карда намешуд. Маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ бо иқдоми хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҷашни ниёгон аз нав эҳё гардид.

Ин ҷашни барзгарон аз ҷумла иди касбии соҳаи кишоварзӣ маҳсуб ёфта 23 январ дар шаҳри Ҳисор ин ҷашн бо намоиши дастовардҳои кишоварзони шаҳр бо шукўҳу шаҳомати хоса баргузор гардид. Дар чорабинӣ Раиси шаҳр узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифҷон Ҷумъазода иштирок ва суханронӣ намуда аз таърихи Сада ва таҷлил шудани он дар дигар кишварҳои ҷаҳон ёдовар шуд.

Раиси шаҳр зикр намуд, ки асоси хоҷагии халқи шаҳрро соҳаи аграрӣ ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ташкил медиҳад ва он  рў ба афзоиш дошта ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар соли 2020 ба 773,7 миллион сомонӣ расидааст, ки 101,8 фоизро ташкил додааст. Тамоюли болоравии нархи маҳсулоти кишоварзӣ метавонад ба яке аз соҳаҳои сердаромад дабдил ёфтани соҳаи кишоварзӣ мусоидат намояд. Бо назардошти талаботи бозор ва содирот кардани маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар шаҳрдорӣ тасмим гирифтааст, ки ҳаҷми маҳсулотро дар соли 2021 зиёд намуда, кишти картошкаро 40 фоиз ва ғалладонагиҳоро 60 фоиз зиёд гардонад.

Мавсуф иди Садаро ҷамъбасти фаолияти яксолаи кишоварзон ва омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ унвон карда, нақши онро дар болоравии сатҳи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳифзи амнияти озуқавории кишвар  муҳим арзёбӣ намуд.

Кишоварзони шаҳр вазифадоранд, - иброз дошт раиси шаҳр барои омодагии ҳамаҷониба, аз ҷумла техникаи кишоварзӣ ба давраи кишти баҳорӣ, таҳти назорати қатъӣ қарор гирифтани ҷараёни кишти зироатҳо дар заминҳои обӣ ва зиёд кардани майдони кишти пунбадона дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, хоҷагиҳои ҷамъиятию инфиродӣ чораандешӣ намуда, баҳри баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо, афзоиш додани ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ, дар ин замина таъмини амнияти озуқаворӣ, рушди соҳаи тухмипарвариро тавассути роҳандози намудани чорабинҳои назариявию амалӣ таъмин созанд. Чун мо дар соли таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ қарор дорем, кишоварзони шаҳр дар мақоми худ вазифадоранд дар баробари рушди соҳа ба иҷрои корҳои созандагиву ободонӣ, барои дар сатҳи баланди маънавию ташкилӣ таҷлил намудани ин санаи таърихӣ саҳмгузор бошанд.

Шарифҷон Ҷумъазода сокинони шаҳро бо иди Сада муборакбод гуфта, дар иҷрои нақшаҳои тарҳрезишуда барору муваффақият орзу намуд.

Барномаи театрикунонидашуда ва ҳунарнамоии санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр анҷомбахши чорабинӣ гардид.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru