ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН
БАРОИ МУРОҶИАТ
ҲИСОР ДАР АКСҲО
ТАШРИФКУНАНДАГОН







![]() | Имрӯз | 1470 |
![]() | Рӯзи гузашта | 2567 |
![]() | Ҳамин ҳафта | 8338 |
![]() | Ҳафтаи гузашта | 20198 |
![]() | Ҳамин моҳ | 40246 |
![]() | Моҳи гузашта | 50366 |
![]() | Ҳамагӣ | 1228817 |
Мақсад, пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода
- Панҷшанбе, 04 Март 2021


- Пешина
- 1 of 2
- Минбаъда
Бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Ҳисор вобаста ба иҷрои нақша чорабиниҳои пешгирикунанда дар мавсими баҳори соли 2021, тибқи Амри Раиси шаҳри Ҳисор аз 30 декабри соли 2020, №25 дар як қатор деҳаҳои Ҷамоати деҳоти Ориён 2 марти соли равон машқи фармондеҳӣ – ситодии мудофиаи гражданиро дар мавзуи амали ҳайати роҳбарикунанда, қувва ва воситаҳо ҷиҳати пешгирӣ аз ҳолатҳои фавқулодаро тариқи ҳашари дасаҷамъона роҳандозӣ намуд.
Дар чорабинӣ кормандони дастгоҳи ҷамоат ва беш аз 100 нафар аҳолӣ иштирок карда, дар деҳаҳои Ҳалқаруд, Шарафобод, Ҳафттепа ва Ҳоҷигирдоб селпартоҳоеро, ки дар мавриди бориши зиёд эҳтимолияти хатар вуҷуд дорад аз қуму шағал тоза намуданд. Инчунин, ба хотири пешгирӣ аз хатари офатҳои табиӣ хоку лойи ҷўю заҳбурҳои ҳудуди деҳаҳои номбурда бароварда шуда, дар якчанд мавзеъ самти оби ҷўю дарёчаҳо бо кандани селпартоҳои иловагӣ ба масофаи 150 то 305 метр бо паҳноии 4,5 метр дигар карда шуд.
Дар чорабинӣ сардори Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори бахши баҳодиҳӣ ва экспертизаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд.