ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1431
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта2567
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта8299
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта20198
mod_vvisit_counterҲамин моҳ40207
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта50366
mod_vvisit_counterҲамагӣ1228778

Техника - омили пешрафти соҳаи кишоварзӣ

http://www.zoofirma.ru/

Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафари корӣ ба шаҳри Ҳисор ташриф оварда, дар ҳамрҳӣ бо раиси шаҳри Ҳисор ва масъулони соҳа аз рафти корҳо дар фермаҳои чорводорӣ ва омодагии Кооперативии Таҷрибавии ба номи Латиф Муродов, Ҷаъияти дорои масъулияташ маҳдуди ба номи Абдурауф Юсуфов ва  хоҷагии деҳқонии «Камолиддин» ва омодагии техникаи кишоварзӣ ба мавсими киштукори баҳорӣ шинос гардид.

Аз натиҷаи боздид ва шиносоӣ бармеояд, ки аҳли заҳмати хоҷагиҳои кишоварзии шаҳр истифодаи самараноки обу замин, парвариши дурусти зироат, ва зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро бо истифода аз техникаву технологияи нав ба роҳ монда, азми он доранд, ки дар соли ҷорӣ барои рўёнидани ҳосили фаровон заминаи боэътимод гузоранд.

Ҷиҳати дастрасӣ ба техникаи кишоварзӣ имкониятҳо дар шаҳр зиёд буда, дар баробари Маркази хизматрасонии техникии «Тоҷикагролизинг», корхонаи «Агротехсервис» фаъолият мекунад ва барои таъмин гардидан бо трактору комбайн, воситаҳои нақлиёт ва дигар мошинолоти кишоварзӣ заминаи мусоид фароҳам омадааст. Тадбирҳои андешидашуда аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон медиҳад, ки кишоварзони шаҳр дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон майдони пахтазор, кишти картошка ва дигар зироатҳоро васеъ намуда, истеҳсоли маҳсулотро зиёд намоянд.

Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хоҷагидорону деҳқонон сўҳбату мулоқоти судманд баргузор намуда, даъват бар он дошт, ки бо истифода аз ҳавои мусоид аҳли заҳматро зарур аст, маъракаи киштро вусъат бахшида, ба парвариш ва маҳсулоти соҳа эътибори бештар зоҳир намоянд.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru