ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз2049
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта3111
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта5160
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта17033
mod_vvisit_counterҲамин моҳ66958
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта60568
mod_vvisit_counterҲамагӣ1860340

Боздид аз хоҷагиҳои пахтакор

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 3
  • Минбаъда

Субҳи 17 апрели соли 2021 раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода ба якчанд хоҷагиҳои кишоварзии ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳр ташриф оварда бо ҷараёни кишти пахта дар хоҷагиҳои ҷамъиятии ҶДММ «Баракати Ватан», Кооперативи истеҳсолии ба номи «Ҳайдар Миров», ҶДММ «20-солагии Истиқлолият-1», ҶДММ «50-солагии Октябр», инчунин хоҷагиҳои деҳқонии коллективӣ ва инфиродӣ дар ҷамоатҳои деҳоти Сомон, Навобод, Мирзо Ризо, ба номи Мирзо Турсунзода, Дурбат, Ҳисор ва Ориён шинос гардид.

Тавре ба мушоҳида расид кишти чигит дар хоҷагии «Баракати Ватан» хуб ба роҳ монда шудааст ва деҳқонон азм доранд дар майдони 50 гектар тухмии навъи хушсифати чигитро кишт намуда ҳосили дилхоҳ рўёнанд. Дар Ҷамоати деҳоти Сомон хоҷагиҳои деҳқонӣ мувофиқи дурнамо ба 175 гектар пахта кишт менамоянд ва иҷрои нақша то ба имрўз дар майдони 85 гектар таъмин гардидааст. Раиси шаҳр ба фаъолияти баъзе хоҷагиҳои деҳқонӣ эроди ҷиддӣ гирифта, кормандони масъули ҷамоатро баҳри вусъат бахшидан ва иҷрои нақшаи кишти чигит дар муҳлатҳои муайянгардида супоришҳои мушаххас дод.

Тибқи нақша деҳқонони «Ҳайдар Миров» имсол дар майдони 216 гектар чигит кишт менамоянд. Раиси шаҳр аснои шиносоӣ бо рафти кишт дар ин хоҷагӣ масъулинро таъкид намуд аз камбудиҳое, ки соли гузашта дар самти кишт ва парвариши пахта рух дода буд хулоса бароварда, аз ҳар лаҳзаи мусоид самаранок истифода намоянд. Дар хоҷагиҳои деҳқонии Ҷамоати деҳоти Навобод баъзе қитъҳои майдони кишт мақсаднок истифода нашудааст, ки аз хунукназарии масъулини соҳа ба вазифаҳояшон дарак медиҳад.

Дар идомаи сафар Раиси шаҳр дар хоҷагиҳои чамъиятӣ ва деҳқонии ҷамоатҳои деҳоти Мирзо Ризо ва ба номи Мирзо Турсунзода ба сифати кишт ва навҳои киштшавандаи чигит, захираи нурию заҳрхимикатҳо ва манбаҳои дастрасӣ ба оби полезӣ ва мушкилоти ҷойдошта дар ин самт таваҷҷуҳ намуда, ҷиҳати вусъат бахшидан ба суръати кишти чигит бо риояи қоидаҳои агротехникӣ ба хоҷагидорон тавсияву маслиҳатҳои муфид дод.

Дар нимаи дуюми рўз сафари кории Раиси шаҳр дар хоҷагиҳои кишоварзии ҷамъиятӣ ва деҳқонии ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти Ҳисор ва Ориён идома ёфт. Дар майдонҳои кишти ҶДММ «50-солагии Октябр», кишти чигит бо маром идома дошта, баҳри иҷрои нақшаи кишт шароитҳои мусоид фароҳам гардидааст. Дар Ҷамоати деҳоти дурдасти Ориён раиси шаҳр дар баробари кишти чигит ба кишту парвариши дигар зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла пиёзу картошка, мушкилоти норасоии оби полезӣ мароқ зоҳир карда, бо масъулини Идораи давлатии  беҳдошти замин ва обёрӣ дар шаҳри Ҳисор, Асотсиатсияи истифодабарандагони оби «Рўдхона» ва роҳбарону аъзоёни хоҷагиҳои деҳқонии коллективӣ ва инфиродӣ, ҳамчунин бо аҳолии якчанд деҳаҳои ҳудуди ҷамоат суҳбату дидор намуда, истифодабарандагони обро оид ба сари вақт пардохт намудани маблаѓи истифодаи об ва қарзҳои ҷойдошта дар ин самт таъкид намуд.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru