ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз2104
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта3111
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта5215
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта17033
mod_vvisit_counterҲамин моҳ67013
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта60568
mod_vvisit_counterҲамагӣ1860395

Армуғон дар Иди «Меҳргон»

http://www.zoofirma.ru/

Меҳргон аз ҷашнҳои миллии халқи тоҷик мебошад, ки Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он замина гузошта, чун рамзи сарҷамъи ва ҳамдилии мардуми заҳматкаш ҳамасола бо мақсади арҷгузорӣ ба заҳмати кишоварзон ва натиҷагирӣ аз ҷамъоварии ҳосили бадастовардаи марди деҳқон  дар кишвар пуршукўҳ таҷлил мегардад.

17 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе бахшида ба Иди «Меҳргон»  намоиш ва фурўши маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили меваю сабзавот, асал, шоливу биринҷ ва техникаҳои кишоварзӣ, инчунин намоиши хўрокҳои миллӣ доир гардида, дар он кишоварзони шаҳри Ҳисор фаъолона иштирок намуданд.

Дар ҷашнвора дар фавзои тантанавӣ ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор барои дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани Иди «Меҳргон» ва фестивалҳои намоиш ва фурўши асал, шолӣ, биринҷ ва техникаҳои кишоварзӣ Сипосномаи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru