ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1879
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта3111
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта4990
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта17033
mod_vvisit_counterҲамин моҳ66788
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта60568
mod_vvisit_counterҲамагӣ1860170

Ҳашари ниҳолшинонӣ

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 7
  • Минбаъда

Тибқи нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор 25 декабр дар Ҷамоати деҳоти Сомон бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ва Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода ҳашари дастаҷамъонаи ниҳолшинонии сокинони шаҳр доир гардид. Ҳашар бо шинонидани ниҳол аз ҷониби муовини Сарвазир ва Раиси шаҳр оѓоз гардида, дар дашту теппаҳои бекорхобидаи атрофи майдони варзишии навбунёд барои мусобиқаҳои бузкашӣ ва аспдавонӣ (ипподром) беш аз 1000 бех ниҳоли арчаҳои сабз шинонида шуд. Дар баргузории ҳашар, ки бо мусоидати Раёсати кишоварзӣ ва шуъбаи ҳифзи муҳити зист доир гардид, сокинони деҳаҳои ҳудуди Ҷамоати деҳоти Сомон ва дигар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳр саҳми арзанда гузоштанд. Тибқи амри Раиси шаҳр хашарҳои ниҳолшинонӣ ва кабудизоркунӣ рӯзҳои истироҳатии ҳар ҳафта баргузор гардида, то моҳи майи соли 2022 идома меёбанд.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru