ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН
БАРОИ МУРОҶИАТ
ҲИСОР ДАР АКСҲО
ТАШРИФКУНАНДАГОН







![]() | Имрӯз | 291 |
![]() | Рӯзи гузашта | 1222 |
![]() | Ҳамин ҳафта | 8151 |
![]() | Ҳафтаи гузашта | 4664 |
![]() | Ҳамин моҳ | 18745 |
![]() | Моҳи гузашта | 63052 |
![]() | Ҳамагӣ | 1045717 |
Андалеб-2018
- Ҷумъа, 09 Ноябр 2018




- Пешина
- 1 of 4
- Минбаъда
Барномаи ҳаваскорони санъати шаҳри Ҳисор дар Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ “Андалеб-2018”, ки санаи 8 ноябри соли ҷорӣ дар Қасри фарҳанги шаҳр манзури доварон ва дӯстдорони санъат гардид, аз ҷониби ҳайати доварон хуб баҳогузорӣ шуда, ҳунармандони шаҳр дар маҷмӯъ ба гирифтани 151,6 хол мушарраф гардиданд.
Бояд тазаккур дод, ки барномаҳои ҳунарии суруди ҳасароён, навозиши умумӣ, суруди якка, бадеҳа, намоиши сару либоси миллӣ ва дигар шартҳои озмун бо маҳорати баланд ва истеъдоди нодир иҷро гардид ва баргузории фестивал тавонист чеҳраи тозаи санъатро рӯи саҳна орад, ки дар ояндаи наздик метавонанд, барои рушди санъату ҳунари миллӣ хизмати назаррас намоянд.