Паҳлавонӣ муборак.

http://www.zoofirma.ru/

Дар шаҳри Ҳисор бо мақсади зиндадошти ва қадршиносии хизматҳои устоди варзиши Иттиҳоди шӯравӣ, чемпиони Осиё шодравон Абдуманнон Зокиров мусобиқаи ҷумҳуриявии гӯштини миллӣ бо иштироки варзишгарон аз шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардид.

Эминов Шерзод дар вазни 70 кг, Алиев Раҳмоналӣ дар вазни 80 кг ва Назаров Ҳақназар дар вазни 90 кг ба гирифтани ҷои якум сазовор гардиданд. Бояд тазаккур дод, ки мусобиқаи мазкур ҳарчанд қаблан баргузор мегардид, давоми чанд соли охир баргузории ин чорабинии муҳим, ки дар дарёфт ва тарбияи варзишгарон нақши муҳим дорад ба чашм намерасид ва соли ҷорӣ пас аз танаффуси тӯлонӣ бо дастгирии раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумазода он аз нав эҳё гардида, дар сатҳи баланди маънавию ташкилӣ гузаронида шуд.

Ғолибон бо медалу сипосномаҳо, 30 нафар собиқадорони варзиш ва меҳмонон аз Ҷумҳурии Узбекистон бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ шуданд.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru