ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз869
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта3289
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта14925
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта13109
mod_vvisit_counterҲамин моҳ40172
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта56757
mod_vvisit_counterҲамагӣ1135579

Озмуни “Чакомаи гесӯ”

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 3
  • Минбаъда

Санаи 12 феврали соли 2019 дар толори Осорхонаи шаҳр Ҳисор даври шаҳрии фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Чакомаи гесӯ» баргузор гардид, ки дар озмуни мазкур намояндагони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, коллеҷу муассисаҳои томактабӣ ширкат варзиданд.

Тарғибу ташвиқи фарҳангу тамаддуни миллат, ашъори бузургони адабиёти классику муосир, суруду рақс, ривояту таронаҳои мардумӣ бахшида ба ҳусну тароват, ҷозибаи гесӯ, сарулибос ва ороишоти миллӣ ҳадафи асосии озмукн маҳсуб ёфта, довталабон тавонистанд бо истеъдоди хубӣ фитрӣ ва маҳорати ҳунармандии худ фаъолона ширкат варзанд ва иҷрои ин амал тавонист дар шинохти мақому манзалати ҳунари машотагӣ, сарулибоси тоҷикӣ, суръату сифати тоза бахшидан ба истеҳсоли намудҳои гуногуни матоъҳои миллӣ, аз қабили атласу адрас, шоҳӣ, чакану алоча, гулбасту чит, тоқӣ ва ғайра мусоидат намояд.

Дар рафти озмун ҳунари волои машшотаҳо дар ороиш ва мӯйбофии миллӣ тавассути намоиши расму оинҳои неки аҷдодӣ, аз қабили саршӯёну арӯсбарон, мӯйбофону зулфандозӣ, ҷамолакбандию майдабофӣ ба қазовати ҳайати ҳакамон ва ҳозирин вогузор карда шуд.

Зимни баҳогузорӣ ба тарҳи дӯхтани либоси ширкатдорону санъати истифода аз маводҳои зиннатдиҳанда, аз қабили марҷон, дастпона, сарпӯш, гӯшвора ва ғайраҳо таваҷҷӯҳи хосса дода шуд.

Иштирокдорон ҳамзамон имконият доштанд ҷиҳати ба баромади худ таровати бештар бахшидан аз ҳунари сарояндагиву раққосӣ ва бадеҳахонии худ корбаст намоянд.

Иштирокдорони фестивал — озмуни «Чакомаи гесу», ки аксаран кӯдакон, духтарону бонувони дорои мўйҳои дароз ва зебою ороишёфта буданд, бо намоиши барномаи дилнишини фарҳангӣ кўшиш ба харҷ доданд, ки табиати биҳиштосои Тоҷикистон, либосу ороишоти миллии занона ва фарҳанги волои рақсу суруди тоҷикиро пешкаши бинандагон созанд.

Дар ҷамъбаст аз ҷониби аъзои ҳакамон ғолибони озмун ва иштирокичиёни фаъол бо туҳфаҳои хотиравии Раиси шаҳри Ҳисор сарфароз гардониданд.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru