ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН
БАРОИ МУРОҶИАТ
ҲИСОР ДАР АКСҲО
ТАШРИФКУНАНДАГОН







![]() | Имрӯз | 10 |
![]() | Рӯзи гузашта | 2822 |
![]() | Ҳамин ҳафта | 7410 |
![]() | Ҳафтаи гузашта | 14106 |
![]() | Ҳамин моҳ | 7410 |
![]() | Моҳи гузашта | 63082 |
![]() | Ҳамагӣ | 1145615 |
Тантанаи рўзи интернатсионалистон
- Чоршанбе, 10 Феврал 2021

Тантанаи рўзи интернатсионалистон
10 феврал дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор бо иштироки собиқадорони ҷангу меҳнат, намояндагони комиссариати ҳарбӣ ва қисмҳои низомӣ, ҷанговарони башардўст, ҷавонону наврасони фаъоли муассисаҳои таълимии шаҳр бахшида ба 32 – солагии бароварда шудани Қувваҳои маҳдуди собиқ Иттиҳоди Шўравӣ аз Афғонистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Дар ҷамъомад Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода иштирок ва суханронӣ намуда, собиқадорони ҷангу меҳнат, бахусус ҷанговарни башардўстро самимона табрику тааҳният гуфт. Зикр гардид, ки истиқлолияти комил ва рушди ҳар давлату миллат аз сулҳу ваҳдат ва ҳамгироию оромӣ сарчашма мегирад.
Раиси шаҳр аз таваҷҷуҳу ғамхориҳои роҳбарияти Олии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба собиқадорони ҷангу меҳнат ёдовар шуда, хитирнишон намуд, ки хизматҳои содиқонаи Шумо ҷанговарон дар сангарҳои мубориза баҳри адои қарзи башардўстона дар давлати Афғонистон ва дигар кишварҳои собиқи сотсиалистӣ, барқароркунии сохти конститутсионӣ ва таҳкими истиқлолият дар Тоҷикистон аз хотираҳо зудуда нахоҳанд шуд. Сокинони шаҳри Ҳисор номи Шумо ҷавонмардони бошараф, ҳамсафон ва сарбозони ҳалокшуда дар набардҳоро ёдоварӣ намуда, гиромӣ медоранд. Раиси шаҳр иштироки фаъолонаи собиқадорони ҷангу меҳнат дар сафарбаркунии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, корҳои ободониву созандагӣ ба ифтихори 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба ҳамин васила татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди мамлакат ва таъмини зиндагии шоистаро боиси таҳсину ифтихор арзёбӣ намуд.
Ҷанговаронро ба муносибати ин санаи муборак, раис ва муовини раиси собиқадорони ҷангу меҳнат дар шаҳри Ҳисор, раиси ташкилоти ибтидоии собиқадорони ҷангу меҳнат дар Ҷамоати деҳоти Хонақоҳи Кўҳӣ, ҳамсафон ва муҳассилини муассисаҳои таълимии шаҳр табрику муборакбод гуфтанд. Дар идомаи чорабинӣ ба як қатор собиқадорон – ҷанговарони башардўст Сипосномаи Раиси шаҳр ва туҳфаҳои таъсиснамудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор тақдим гардид.