ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН
БАРОИ МУРОҶИАТ
ҲИСОР ДАР АКСҲО
ТАШРИФКУНАНДАГОН







![]() | Имрӯз | 2814 |
![]() | Рӯзи гузашта | 1931 |
![]() | Ҳамин ҳафта | 10276 |
![]() | Ҳафтаи гузашта | 19344 |
![]() | Ҳамин моҳ | 7392 |
![]() | Моҳи гузашта | 63082 |
![]() | Ҳамагӣ | 1145597 |
Аёдати сарбозони собиқ ва содиқи ватан
- Чоршанбе, 10 Феврал 2021


- Пешина
- 1 of 2
- Минбаъда
Нимаи дуюми рўзи 10 феврали соли равон Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода ба муносибати 32 – солагии хориҷ шудани Қувваҳои Мусаллаҳи собиқ Иттиҳоди Шўравӣ аз хоки Афғонистон бо мақсади аёдат ва таманниёти собиқадорони ҷангу меҳнат, иштирокчиёни ҷанги Афғонистон ба ҷамоатҳои шаҳраки Ҳисор, Шарора ва деҳоти Сомон, Мирзо Ризо, Деҳқонобод, Дурбат ташриф овард.
Раиси шаҳр зимни сафар ба хонадони собиқадороне, ки дар бистари бемориянд, сарбозони дар сангарҳои набард ва баъди баргаштан, дар Ватан фавтида рафта, аз шароити зиндагии онҳо дидан намуд. Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба ҳар оила маводи хўрока дастрас гардида ба аҳли хонадон изҳори тасаллият карда шуд.
Аснои сафар Шарифҷон Ҷумъазода бо корҳои ободонӣ, рангу бори хонаҳо ва таъмиру тоза намудани ҷўю роҳҳо дар деҳот ва омодагиҳо ба истиқболи ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти болозикр шинос гардид.