ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1460
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта2567
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта8328
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта20198
mod_vvisit_counterҲамин моҳ40236
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта50366
mod_vvisit_counterҲамагӣ1228807

Озмуни зебоии «Маликаи Ҳисор»

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 3
  • Минбаъда

Дар асоси нақша чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор бахшида ба таҷлили ҷашни Наврўзи байналмилалӣ бо ибтикори шуъбаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, кор бо занон ва оила, маориф, бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, фарҳанг, коллеҷҳои тиббӣ ва омўзгорӣ, литсейи касбӣ - техникӣ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот санаи 17 марти соли равон дар толори китобхонаи марказӣ озмуни зебоии «Маликаи Ҳисор» баргузор гардид.

Дар озмун 10 нафар иштирокчиёни даври якум, ки дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ғолиб дониста шудаанд, иштирок доштанд.

Тибқи Низомнома довталабони озмун аз рўи 8 номинатсия -  маликаи Ҳисор, маликаи Наврўз, баҳори гулбасар, бонуи ҳунар, бонуи ҷавонӣ, бонуи булбулсухан, бонуи ҳусн ва зебосанам сабқат намуда аз ҷониби ҳакамон бо меъёрҳои муқарраргардида баҳогузорӣ шуданд.

Ғолибон ва иштирокчиёни озмун бо тоҷу лентаҳои рамзӣ, ифтихорномаю диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд. Ҳамчунин, мутасаддиёну шахсони масъуле, ки дар баргузории озмун ҳиссагузор буданд бо Сипосномаи Раиси шаҳр сарфароз карда шуданд.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru