ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1491
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта2567
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта8359
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта20198
mod_vvisit_counterҲамин моҳ40267
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта50366
mod_vvisit_counterҲамагӣ1228838

Мусобиқаи гўштини миллӣ

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 2
  • Минбаъда

Тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор санаи 24 марти соли равон бахшида ба ҷашни Наврўзи байналмилалӣ дар деҳаи Гачаки Ҷамоати деҳоти Деҳқонобод, ки ҳамчун макони паҳлавонони номдор шинохтаю шуҳратёр гардидааст мусобиқаи паҳлавонӣ оид ба гўштини миллӣ доир гардид. Дар мусобиқаи гўштингирӣ паҳлавонон ва мемонон аз тамоми шаҳру навоҳии мамлакат, инчунин кишвари ҳамсояи ба мо дўстӣ Ўзбекистон иштирок ва қувваозмоӣ намуданд. Ба иттилои масъулон дар мусобиқаи гўштингирӣ наздик ба 500 нафар паҳлавонон ва зиёда 30 ҳазор нафар тамошобин ҷамъ омада, чорабинӣ дар сатҳи баланди омодагию ташкилӣ баргузор карда шуд.

Паҳлавонон дар майдони кушод аз худ малакаю маҳорати баланд нишон дода бо ҳунару итеъдод, риояи одобу қоидаҳои гўштингирӣ ва партовҳои зебои худ хотири тамошобинон ва мухлисони худро шод гардонданд.

Барои дастёб гардидан ба шоҳҷоизаҳо, ки аз ду автомашинаи сабукрав иборат буд рақобат байни паҳлавонон басо шавқовару диданбахш суръат гирифт ва шоҳҷоизаи аввал насиби паҳлавони Ҳисорӣ Ҳақназар Назаров ва шохҷоизаи дуюм насиби паҳлавон аз шаҳри Душанбе Хуршед Маҷидов гардид. Паҳлавони ўзбекистонӣ Муҳсин Исомиддинов дар рақобат бо рақиби худ дастболо гардида, аз баҳои доварон ба ҳунари ў ва пазироию мухлисии тоҷикон изҳори қаноатмандӣ кард. Сардовари мусобиқа аз макони муқаддас будани мавзеи мусобиқа ва паҳлавонони номдори шаҳри Ҳисор Эргаш Сараев, Ҷалол Саидов ва Абдуманнон Зокиров, Ҳақназар Саъдуллоев, Ҳабибулло Қодиров ёдовар шуда иброз дошт, ки дар ин майдон  паҳлавонони номдори кишвар Сайидмуъмин Раҳимов, Муҳаммадшариф Сулаймонов, Расул Боқиев ва даҳҳои дигар майдондорӣ кардаанд.

Лозим ба ёдоварист, ки сарпарастии мусобиқаро мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ба ӯҳда дошт ва саҳми соҳибкорону роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ҳудуди шаҳр дар баргузории чорабинӣ шоистаи таҳсин аст. Дар назар аст, ки санаи 3 парели соли равон бахшида ба Наврўзи байналмилалӣ дар Ҷамоати деҳоти Мирзо Ризо мусобиқаи бузкашӣ низ баргузор карда шавад.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru